Дар Тоҷикистон таҳияи Стратегияи рушди дарозмуддат бо сатҳи пасти партовҳои камкарбон оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 28.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади оғози таҳияи Стратегияи рушди дарозмуддати сатҳи пасти партовҳои газҳои гулхонаӣ (LT-LEDS -Long-Term Low Emission Development Strategies) чорабинӣ баргузор гардид, ки он аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Стратегияи мазкур як санади калидӣ хоҳад шуд, ки афзалиятҳо ва чораҳои дарозмуддатро ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувори аз карбон бетарафро муайян мекунад. Ҳадафи ин раванди стратегӣ таҳияи дурнамои ояндаи камкарбон барои Тоҷикистон бо назардошти афзалиятҳои миллӣ, уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва дар дигар манбаъҳои муҳими рушд мебошад.
Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Вазорати молия ва Бонки ҷаҳонӣ сухан гуфта, аҳамияти талошҳои муштарак барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он, ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёби иқлим, таҳкими устувории иқтисод дар раванди тағйирёбии иқлим ва ҷалби сармояи иқлимиро таъкид карданд.
Дар рафти чорабинӣ ҳадафҳо, сохтор ва самтҳои асосии Стратегияи оянда муаррифӣ гардида, равишҳои он бо стратегияҳои мавҷудаи миллӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созишномаи Париж, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ва раванди таҷдиди Саҳмҳои Миллии Муайяншуда (NDC 3.0) баррасӣ шуданд.
Иштирокдорон таъкид карданд, ки таҳияи Стратегия ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз тадбирҳои кӯтоҳмуддат ба нақшаи рушди системавӣ ва дарозмуддати камкарбон гузарад. Мавқеи кишварро дар муколамаи байналмилалии иқлим, ки Тоҷикистон бо саҳми фаъолаш дар масъалаҳои об ва иқлим мавқеи пешсафро ишғол мекунад, тақвият бахшад.
То моҳи октябри соли 2025 тибқи Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC), дар саросари ҷаҳон 79 стратегияи рушди дарозмуддати партовҳои камкарбон (LTS) ба қайд гирифта шудааст ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло танҳо Қазоқистон стратегияи тасдиқшударо дорад.
Раванди таҳияи Стратегия дар ҳамкории зич бо вазоратҳои миллӣ, коршиносон, ҷомеаи илмӣ ва шарикони рушд амалӣ мегардад, ки шаффофият, фарогирӣ ва асоснокии илмии ҳалли пешниҳодшударо таъмин менамояд.
Оғози раванди қабули Стратегия барои Тоҷикистон як қадами муҳиме ба сӯи ояндаи устувор ва сабз мебошад, ки дар он рушди иқтисодӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба ҳам пайвастаанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






