Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид

Ноябрь 8, 2019 11:52

ДУШАНБЕ, 08.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид. Тавре  мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Раиси Шӯро, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода доир гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ,  Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Россия ва коршиносону шарикони байналмилалӣ  иштирок намуданд.

«Тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодиёти мамлакати мо ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода рушди ҳамкории соҳаи тандурустӣ дар доираи ИДМ муҳим мебошад», — зикр намуд Насим Олимзода.

Раиси Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Насим Олимзода оид ба Раёсати Тоҷикистон дар Шӯро дар соли 2019 ҳисобот дода, ҳамгироии сохторҳои тандурустии мамлатҳои узви Иттиҳодро дар соли 2019 хуб арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки соли равон дар доираи Шӯро 47 чорабинии соҳавӣ баргузор гардида, дар рушди ҳамкорӣ заминаи хубтар фароҳам оварданд.

Аъзои Шӯро мавзӯъҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи психиатрия, онкология, эндокринология, солимии репродуктивӣ ва стоматологияро муҳокима намуданд.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ бо Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои узви ИДМ дар таҳияи лоиҳаи тавсияҳо оид ба баҳодиҳии шароити кор дар ҷойҳои корӣ бо мамлакатҳои минтақаи аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиёни ҷаласа оид ба ҳамкории минбаъда дар самти мубориза бо бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ мубодилаи афкор карданд. Инчунин дар ҷаласа иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда, нақшаи чорабиниҳои асосии Шӯро барои соли 2019 баррасӣ ва нақшаҳо барои соли 2020 муайян карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 1992 инҷониб баргузор гардида, соли 2019 раёсати онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Ҷаласаи 30-юми Шӯрои мазкур пагоҳ, 9 ноябр дар шаҳри Душанбе идома меёбад.

Ноябрь 8, 2019 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад