Дар Душанбе лоиҳаи омӯзишӣ оид ба истифодаи бехатари яхдонҳо ва кондитсионерҳо доир гардид

Ноябрь 22, 2019 10:02

ДУШАНБЕ, 21.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 21 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузорию иҷрои Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Фонди Глобалии Экологӣ лоиҳаи омӯзишӣ барои мутахассисони таҷҳизоти хунуккунанда ва системаҳои ҳавотозакунӣ доир гардид.

Лоиҳаи омӯзишӣ кори худро аз Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе оғоз намуд, ки дар он 18 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Сипас дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ лоиҳа курсҳои омӯзиширо аз рӯи дарсҳои назариявӣ ва амалӣ доир намуд ва ба 72 нафар иштирокчӣ серфитикат дода шуд.

Дар лоиҳаи мазкур мутахассисон аз ширкати «Вавилон Мобайл», Фурудгоҳи байналмилалӣ, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва Ширкати «Экауд», ҶДММ «Восток» («Волна»), ҶДММ «Шодрӯз», ҶДММ «Рембиттехника» ва ҶДММ «Таъмири яхдон» ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Тавре ҳамоҳангсози лоиҳаи «Даст кашидан аз истифодабарии HCFC (моддаҳои вайронкунандаи озон)»-и Барномаи Рушди  Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Ҳусайнов иброз намуд, барномаи таълимӣ мавзӯъҳо оид ба истифодаи бехатари яхдонҳо ва кондитсионерҳо, самаранокии алтернативаҳои HCFC бо Zero ODS ва GWP – паст, маводи хунуккунандаи табиӣ, таъсир ба муҳити зист, ҷанбаҳои қонунгузорӣ, стандартҳои бехатарӣ оид ба маводи алтернативии хунуккунанда, ки қобилияти оташангезӣ доранд, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи қабати озон ва моддаҳои вайронкунандаи озон, шарҳи принсипҳои умумии таҷҳизоти яхдон, насосҳои гармидиҳӣ ва  кондитсионерҳоро дар бар гирифт.

Ҳадаф аз баргузории омӯзиши мазкур —  ин барқарор кардани иртибот ва мубодилаи иттилоот байни Ассотсиатсияҳои мутахассисони таҷҳизоти хунуккунанда ва системаҳои ҳавотозакунӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамчунин истифода аз фреон ва ба ҳаво ихроҷ намудан, зарар ва коркарди онро ба мутахассисон ба тарзи назариявӣ ва амалӣ, инчунин тибқи қонуну меъёри истифодаи он омӯзониданд.

Зеро рушди саноат ва дар навбати аввал, саноати химия, сабаби  истеҳсол ва ба атмосфера ихроҷ намудани хлорфторкарбонҳои фреонӣ (фторхлоридҳои омехтаи метан ва этан, фреони R-12 ва R-22)  мегардад, ки онҳо дар шароити муқаррарӣ бе ҳаракат ва бе заҳр буда, дар стратосфера зери таъсири нурҳои ултрабунафш таҷзия мешаванд. Ҳар як атоми хлор ба озодӣ баромада, метавонад даҳҳо ҳазор молекулаи озонро вайрон кунад.

Ба гуфти мутахассисони ин соҳа, дар қатори омилҳои физикию географӣ дар атмосфера вуҷуд доштани миқдори зиёди фреон (хлорфторкарбонҳо) яке аз омилҳои босуръат вайрон кардани қабати озон мебошад. Дар тамоми ҷаҳон то соли 1990 қариб 2 млн тонна моддаҳои вайронкунадаи кабати озон истеҳсол карда мешуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 ноябри соли 2019 зимни суханронӣ дар 40-умин ҷаласаи Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим дар Франсия изҳор дошта буданд, ки «Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон (СО2) дар ҷаҳон  ҷойи 135-умро ишғол менамояд. Ҳаҷми партовҳои газҳои парникӣ (гулхонавӣ) дар кишвари мо соле то як тонна ба сари ҳар як нафари аҳолӣ рост меояд ва ҳиссаи мамлакат дар минтақа камтар аз се фоизро ташкил медиҳад. Дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба атмосфера ба мо дар бисёр маврид истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус гидроэнергетика, ки  яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи «сабз» ба ҳисоб меравад, мусоидати ҷиддӣ менамояд».

22 марти соли 1985 дар шаҳри Вена бо ташаббуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз тарафи намояндагони 28 кишвар Конвенсия дар бораи ҳифзи қабати озон ба имзо расид.

Баъд аз ин, 16 сентябри соли 1987 46 кишвари ҷаҳон Протоколи Монреалро оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон имзо намуданд. Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал бори аввал дар кори ҳифзи қабати озони стратосфераи Замин, ки тағйирёбии он ба саломатии инсон ва муҳити атроф таъсири зиёди манфӣ мерасонад, ҳамкориро ба роҳ мондаанд.

Дар натиҷаи вайроншавии қабати озон вайроншавии ДНК-и мавҷудоти зинда ба мушоҳида расида, сустшавии системаи иммунитет, ки ба зиёд шудани бемориҳои сироятӣ оварда мерасонад, ба миён меояд. Инчунин имкон дорад, ки вайроншавии қабати озон инсонро  ба саратони пӯст ва катарактаи чашм гирифтор намояд. Дар баробари таъсир доштан ба саломатии инсон инчунин вайроншавии қабати озон сабаби паст шудани ҳосилнокии растаниҳо, вайрон шудани тухмиҳо, бад шудани сифати донагиҳо гардида, ба зиёд гардидани планктонҳо, обсабзҳо, кирмаки моҳиҳо, харчангҳои баҳрӣ, вайрон шудани ҳалқаи озуқа дар чуқуриҳои баҳр, кам шудани ҳаҷми моҳидорӣ ва фарсудашавии сатҳҳои рангшуда, маснуоти резинӣ, чӯбӣ ва пластикӣ, бахусус дар минтақаҳои тропикӣ оварда мерасонад.

Дар Протоколи Монреали Конвенсияи Вена оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон тадбирҳое таҳия гардидаанд, ки онҳо ба ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист аз таъсиррасониҳои ба тунукшавии қабати озон вобаста равона карда шудаанд. Ин санадҳо яке аз аввалин шартномаҳои глобалӣ маҳсуб меёбанд, ки дар онҳо давлатҳои ҷаҳон кӯшишҳои хешро дар зери ҳимояи Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади ҳифзи Замин ва инсоният аз фоҷиаи имконпазири экологӣ муттаҳид намудаанд.

Дар айни замон ҳуҷҷатҳои мазкур аз тарафи теъдоди аз ҳама зиёд- 197 давлат  ба имзо расида, тасдиқ карда шудаанд. Аввалин маротиба Хазинаи бисёрҷониба баҳри пӯшонидани хароҷоти кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва кишварҳои дорои иқтисодиёти гузаранда ташкил карда шуд, ки фаъолияти он ба амалисозии тадбирҳои танзимкунандаи Протоколи Монреал равона карда шудааст.

Ба шарофати Протоколи Монреал миқдори умумии зиёдатии моддаҳои вайронкунандаи озон дар атмосфера аллакай давоми даҳсолаҳо кам шуда истодааст. Агар кишварҳои ҷаҳон дар оянда низ низомномаи протоколи Монреалро риоя кунанд, чунин камшавӣ  давоми тамоми асри XXI идома хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 Конвенсияи Венаро оид ба ҳифзи қабати озон аз 22 марти соли 1985 тасдиқ кардааст ва соли 1997 протоколи Монреалро оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон аз 16 сентябри соли 1987 тасдиқ намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи тағйироти протоколи Монреал (тағйироти Лондон дар соли 1997, Копенгаген, Монреал ва Пекин дар соли 2009) ҳамроҳ шудааст.

Баъд аз ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қадам ба қадам кам намудани моддаҳои вайронкунандаи озон ва дар оянда пурра қатъ намудани истифодаи он уҳдадор гардидааст. Ба Тоҷикистон ҳуқуқи дастрасӣ ба Фонди глобалии  экологӣ дода шуд, ки бо мақсади расонидани кумаки молиявӣ ва техникӣ ба кишварҳо дар амалигардонии чораҳои танзимӣ аз тарафи протоколи Монреал оид ба кам кардани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи озон муайяншуда таъсис дода шудааст.

Ноябрь 22, 2019 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад