Дар Лондон Форуми якуми тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Британияи Кабир ва Тоҷикистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 29.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Лондон бо ибтикори Сафорат ва дар ҳамкорӣ бо Палатаи тиҷорати Тоҷикистон ва Британия ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мақсади асосии баргузор намудани ҳамоиш ҳамаҷониба муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузорӣ ба мамлакатамон буда, аз ҷумла маълумоти пурра оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми андоз, имтиёзҳои махсус барои сармоягузорон ва шароити бурдани тиҷорат дар Тоҷикистон манзури иштирокчиён гардид.
Дар ҳамоиш Сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Масуд Халифазода суханронӣ намуда, оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои авлавиятнок байни ду кишвар, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, иқтидори гидроэнергетикии мамлакат, саноат, маъданҳои фоиданок ва соҳаи кишоварзӣ изҳори назар кард.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони сохторҳои давлатии кишвари маҳалли иқомат, ҳайати дипломатии муқими Британияи Кабир, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои сармоягузор, намояндагони Палатаи тиҷорати Тоҷикистону Британия ва дигарон ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш эълон шуд, ки 23 апрели соли 2020 дар Лондон Форуми якуми тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гардид.








«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






