Дар Москва ҷаласаи XXVII Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ баргузор гардид

Ноябрь 25, 2019 21:00

МОСКВА, 25.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қароргоҳи ТАСС дар пойтахти Россия – шаҳри Москва ҷаласаи XXVII Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии итилоотии ИДМ  баргузор гардид. Дар кори он узви Шӯро, директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ширкат варзид.

Дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони агентиҳои иттилоотии «АзерТаҷ»-и Озарбойҷон А. Асланов, «Арменпресс»-и Арманистон А. Ананян, «БелТА»-и Беларус И. Акулович, «Кабар»-и Қирғизистон К. Таабалдиев, «УзА»-и Ӯзбекистон А. Кучимов, муовини аввали директори генералии ТАСС М. Гусман, сармуҳаррири «Казинформ»-и Қазоқистон Б. Танелбаева, директори Раёсати робитаҳои байналмилалии ТАСС О. Островидов, сардори бахши кишварҳои ИДМ ва Балтика Б. Грушин ва директори Раёсати иттилоотию таҳлилии Кумитаи иҷроияи ИДМ  А. Заварзин иштирок намуданд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии раиси Шӯро, директори генералии ТАСС Сергей Михайлов сурат гирифт. Дар он масоили вобаста ба омодагӣ ба таҷлили 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баррасӣ шуд.

«Ин ҷашни умумии мост, ки ба хотири он халқҳои моро зарур омад ҳуқуқи зиндагии наслҳои ояндаро ҳимоя кунанд. Мо ҳақ надорем, ки ҷасорати  бузурги онҳоеро, ки дар шадидтарин ҷанг дар таърихи инсоният ғалаба кардаанд, фаромӯш созем», — гуфт Сергей Михайлов.

Михайлов таъкид кард, ки агентиҳои иттилоотӣ барои ба наслҳои имрӯза ва оянда расонидани таърих, сабақҳо ва арзишҳои айёми ҷанг, хотираи қаҳрамононаи ҳамдиёронамон ва амалҳои ваҳшиёнаи фашизм дорои иқтидори эҷодӣ ва техникӣ мебошанд.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ТАСС намоишгоҳи густурдаи аксҳоро таҳти унвони «Матбуот дар ҷанг» омода мекунад, ки аз аксҳои хабарнигорони агентиҳо ва бойгонӣ иборат хоҳад буд. Михайлов ҳозиринро даъват кард, ки ба ташкили ин чорабинӣ ҳамроҳ шаванд ва дар пайдо намудани аксҳои нодири замони ҷанг кумак намоянд. Намоишгоҳ дар толори марказии намоишҳои «Манеж»-и Москва баргузор мешавад.

Баромадкунандагон лоиҳаҳои махсусро, ки ба мавзӯи Ғалабаи Бузург бахшида шудаанд, тавзеҳ доданд.

Доир ба ҳамкории агентиҳои ИДМ дар инъикоси ҷашни 75-солагии Ғалаба мувофиқа ҳосил шуд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои иттилоотии ИДМ моҳи ноябри соли 1995 бо қарори сарвазирони давлатҳои иштирокчии ИДМ таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Тоҷикистон шомил мебошанд.

Фаъолияти Шӯрои иттилоотии ИДМ ба таъмини ҳамгироӣ ва ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи иттилоот, фароҳам овардани шароити мусоид барои интишори бемамониати иттилоот ва табодули самараноки таҷрибаи фаъолияти касбӣ, инчунин таҳкими шарикии иттилоотӣ равона карда шудааст.

Ҷаласаи навбатии Шӯро моҳи марти соли 2020 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад.

ДАР АКС: аз рост ба чап — роҳбарони агентиҳои иттилоотии «АзерТаҷ» А. Асланов, «Ховар» С. Сиддик, «УзА» А. Кучимов ва муҳаррири пешбари «УзА» И. Абдухолиқов. Акс аз ТАСС.

ДАР АКС: директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо муҳаррири пешбари «УзА», собиқ мухбири Телевизиони марказӣ (ИҶШС) дар Ӯзбекистон Ирисмат Абдухолиқов суҳбат дорад. Акс аз ТАСС.

ДАР АКС: иштирокдорони ҷаласаи XXVII Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ, 25 ноябри соли 2019. Қароргоҳи ТАСС дар Москва. Акс аз ТАСС.

 

 

Ноябрь 25, 2019 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ