Дар шаҳри Кӯлоб бинои таълимии Коллеҷи милитсия мавриди истифода қарор гирифт

Ноябрь 7, 2019 08:21

ДУШАНБЕ, 07.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бинои нави таълимии Коллеҷи милитсия  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар  маросими кушодашавии он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода ва дигар шахсони расмӣ  иштирок  намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати  корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,   бинои таълимии Коллеҷи милитсия аз 4 ошёна бо таҳхона иборат аст. Иншоот  мутобиқи талаботи замони муосир сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Он ҳамчунин дорои ошхона, китобхона, синфхонаҳо, утоқҳои корӣ ва толори маҷлисӣ мебошад.

Рамазон Раҳимзода курсантони Коллеҷро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави таълимӣ, ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсия самимона табрик намуд. Номбурда зикр кард, ки «маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия ва соҳиби касбу ҳунар гардидани насли наврасу ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир карда шуда, дар ин радиф муассисаҳои таълимии замонавӣ бо тамоми шароиту таҷҳизоти зарурӣ бунёд мегарданд».

Бояд зикр намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014 бо дастуру ҳидоятҳои хирдамандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ятимону бепарасторон, фарзандони оилаҳои камбизоат, инчунин  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, таъсис дода шудааст.
Коллеҷи мазкур мутахассисони воҳидоти таъйиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқро омода намуда, хонандагонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои олии Ватан, инчунин тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ давоми 3 ва 4 сол ба таълим фаро мегирад.

Коллеҷи милитсия дорои шароити мусоид, аз қабили хобгоҳ барои 441 нафар, ошхонаи замонавӣ, синфҳои компютерӣ, криминалистӣ, ронандагӣ ва омӯзиши забони англисӣ, воситаҳои нақлиёти таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва майдони гузаронидани машқҳои сафороӣ, нуқтаи тиббӣ, ҳаммом, китобхонаи муосир ва муҷаҳҳаз бо маводу ашёи зарурӣ  буда, курсантон ҳар моҳ бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.

 

Ноябрь 7, 2019 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Дар Душанбе масъалаи ғизои мактабӣ мавриди баррасӣ қарор дорад
Дар Вазорати адлия Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар самти таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши забони олмонӣ баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна дар бахшҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо баррасӣ карда шуд
Бонувони Академияи миллии илмҳо бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон иқдоми тарғиботӣ гузарониданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор ҳунармандон фаъолият менамоянд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт табақаи ниёзманд дастгирӣ меёбад
Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад