Донишҷӯёни Тоҷикистон дар консерти бошукӯҳи фестивали «Москва моро дӯст кард» бо мукофотҳо қадрдонӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия (RUDN) консерти калони Фестивали байналмилалии донишҷӯёни «Москва моро дӯст кард», баргузор мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар консерт 2 ҳазор нафар аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, давлатҳои ИДМ ва Аврупо ширкат меварзанд. Дар радифи баромадкунандагони дигар донишҷӯёни тоҷикистонӣ низ, ки дар футбол ҷои аввалро гирифтанд, бо мукофотҳои олӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Иштирокчиёни консерт ҳар яке бо эъҷози ҳунари хеш фарҳанги мардуми худро муаррифӣ менамоянд. Ансамбли «Аллон» аз Осетияи Шимолӣ, ансамбли “Барт”-и москвагӣ аз Ингушистон ва Иттиҳодияи эҷодии «Қарабоғ» аз Озарбойҷон ҳунарнамоӣ мекунанд. Донишҷӯдухтарони Гурҷистон дар якҷоягӣ бо ансамбли «Ингури» ҳунари худро ба ҳаводоронашон тақдим менамоянд. Ҷумҳурии Доғистонро ансамбли “Бародар” намояндагӣ хоҳад кард.
Имсол фестивал таҳти шиори «Санъати халқӣ дар ҳудуди Москва» баргузор мегардад. Дар намоишгоҳҳои миллӣ ба меҳмонон либосҳои анъанавӣ, таомҳо ва ашёи рӯзгор намоиш дода шуданд. Рӯзи сешанбе, 12 ноябр мизи мудаввар баргузор гардид. Ҳамзамон донишҷӯён қобилияти худро дар мусобиқаҳои варзишӣ ва зеҳнӣ санҷиданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






