Донишҷӯёни Тоҷикистон дар консерти бошукӯҳи фестивали «Москва моро дӯст кард» бо мукофотҳо қадрдонӣ мешаванд

Ноябрь 15, 2019 09:45

ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия (RUDN) консерти калони Фестивали байналмилалии донишҷӯёни «Москва моро дӯст кард», баргузор мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар консерт  2 ҳазор нафар аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, давлатҳои ИДМ ва Аврупо ширкат меварзанд. Дар радифи баромадкунандагони дигар донишҷӯёни тоҷикистонӣ низ, ки дар футбол ҷои аввалро гирифтанд, бо мукофотҳои олӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Иштирокчиёни консерт ҳар яке бо эъҷози ҳунари хеш фарҳанги мардуми худро муаррифӣ менамоянд. Ансамбли «Аллон» аз Осетияи Шимолӣ, ансамбли “Барт”-и москвагӣ  аз Ингушистон ва Иттиҳодияи эҷодии «Қарабоғ» аз Озарбойҷон ҳунарнамоӣ мекунанд. Донишҷӯдухтарони  Гурҷистон дар якҷоягӣ бо ансамбли «Ингури» ҳунари худро ба ҳаводоронашон  тақдим менамоянд. Ҷумҳурии Доғистонро ансамбли “Бародар”  намояндагӣ хоҳад кард.

Имсол фестивал таҳти шиори «Санъати халқӣ дар ҳудуди Москва» баргузор мегардад. Дар намоишгоҳҳои миллӣ ба меҳмонон либосҳои анъанавӣ, таомҳо ва ашёи рӯзгор намоиш дода шуданд. Рӯзи сешанбе, 12 ноябр мизи мудаввар баргузор гардид. Ҳамзамон донишҷӯён қобилияти худро дар мусобиқаҳои варзишӣ ва зеҳнӣ санҷиданд.

Ноябрь 15, 2019 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид