Душанбе мизбони бизнес-форуми минтақавии бонувони соҳибкор гардид

Ноябрь 2, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 02.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорбонувони фаъоли мамлакат 1 ноябр  зимни бизнес –форуми   минтақавии бонувони соҳибкор ва намоиш-фурӯши  молу маҳсулот- «ЭКСПО-2019»  дар Душанбе ҷамъ омаданд.

Ҳамоиши мазкур дар доираи  нақшаи чорабиниҳо оид ба  амалӣ намудани 300 рӯзи   ислоҳот  ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва эълон гардидани Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021 гузаронида шуд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, дар он дар радифи бонувони соҳибкор, инчунин  намояндагони вазорату идораҳои марбута,  роҳбарону намояндагони  ассотсиатсияҳои  бонувони соҳибкор, шарикони рушд, коршиносони байналмилалӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ  иштирок доштанд.

Тавре муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ гуфт: «Ҳадафи  бизнес-форуми минтақавии  бонувони соҳибкор  дар Душанбе-  баланд бардоштани  сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тақвияти фаъолияти  соҳибкории  бонувони ташаббускори тоҷик, инчунин дастрасии занон дар бахши саноати сабук маҳсуб меёбад».

Бизнес-форуми минтақавии  бонувони соҳибкор  дар се бахш ҷараён гирифта, иштиорокдорони он-соҳибкорзанони мамлакат масъалаҳои марбут ба заминаи ҳуқуқии соҳибкории иҷтимоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, барномаҳои  дастрасии фарох намудани имкониятҳои  занон дар минтақа, самтҳои   иқтидори рушд дар соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таърихи муваффақиятҳо ва иқтидори рушди минтақавиро  баррасӣ намуданд.

Дар ҳошияи бизнес-форуми минатқавии соҳибкорзанони фаъол  намоиши  молу маҳсулот ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзанон  ва ҳунармандони  мамлакат омода гардидаанд, пешкаши иштирокдорони ҳамоиш гардонида шуданд.

Форуми минтақавии бонувони соҳибкор 2 ноябр идома ёфта, дар доираи он суҳбати «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Рушди соҳибкории  ҳунармандӣ дар Осиёи Марказӣ: аз стандарткунонӣ то фурӯши молу маҳсулот» доир мегардад. Интизор меравад, ки дар анҷоми бизнес-форум иштирокдорони он як зумра тавсияҳоро  оид ба беҳтар намудани имконият барои  соҳибкории занон ва тадбирҳои  дастгирии давлат  барои пешбурди  соҳибкории бонувонро қабул намоянд.

Ноябрь 2, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад