Душанбе — мизбони Фестивали 7-уми филмҳои Полша — «Висла»
ДУШАНБЕ, 11.11.2019./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 8 то 14 ноябр шаҳри Душанбе мизбони 7-умин фестивали филмҳои полшагии «Висла» мегардад.
Дар доираи ин фестивал имрӯз, 11 ноябр, соати 16:00, дар толори Муассисаи Давлатии “Тоҷикфилм”, воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе филмҳои кӯтоҳметражи истеҳсоли донишҷӯёни полшагӣ «Охирин муштарӣ», «Ман ҳам чизе барои ту дорам» ва «Элизабет» манзури тамошобинон мегарданд. 12 ноябр, соати 16:00, дар толори “Тоҷикфилм” филми “Мисли сагу гурба” намоиш дода мешавад. Ин филми охирини Януш Кадратюк мебошад. Филми мазкур дар бораи муносибатҳои як оилаи ғайримуқаррарӣ қисса мекунад.
13 ноябр, соати 16:00, таҳти унвони “Бурҷ. Рӯзи равшан” дебюти умедбахши Ягод Шелтс манзури бинандагони тоҷик мегардад. Каме дар бораи ин филм: Муля бо шавҳараш, модари бемор ва духтараш Нина дар деҳа зиндагӣ мекунад. Дар рӯзҳои истироҳат ба хонаи онҳо бародар бо аҳли оилааш ва Кая-хоҳари хурдии Мул, ки шаш сол пеш гум шуда буд, меҳмон мешаванд. Идомаи филмро шумо метавонед дар ин рӯз тамошо кунед.
14 ноябр, соати 17:00, филм бо номи “Бахшиш” аз коргардон Яна Якуба Колско, ки ба воқеаҳои пас аз ҷангии Полша бахшида шудааст, намоиш дода мешавад. Муҳтавои филм чунин аст: Писари Ҳанна ва Яъқуб тирамоҳи соли 1946 аз тарафи мақомоти амниятии Полша парронда шуд. Волидайн қарор медиҳанд, ки ӯро бо эҳтиром дафн кунанд…
Ёдовар мешавем, ки Фестивали 7-уми филмҳои полшагии «Висла» 8 ноябр бо филми «Эскадриляи 303. Достони воқеӣ» оғоз гардида буд. Филми мазкур ҳуҷҷатӣ буда, дар бораи сарнавишти як сарнишини ҳавопаймо нақл мекунад.
Бояд гуфт, ки Полша дар Аврупо аз ҷиҳати истеҳсоли филм дар радифи Германия, Британияи Кабир ва Франсия қарор мегирад.
Ба иттилои МД “Тоҷикфилм”, кинематографистони полшагӣ барои тамошобини тоҷик беш аз 8 филми гуногунжанрро армуғон овардаанд.








Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат






