Эмомалӣ Раҳмон: «Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид»

Ноябрь 4, 2019 15:25

ДУШАНБЕ, 04.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт  баргузор гардид, баён намуданд.

Пешвои миллат зикр карданд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати дарбаргирандаи арзишҳои калидии ҷомеаву давлат ва марому мақсади халқи мамлакат симои таърихӣ ва муосири Тоҷикистони азизро дар худ инъикос намуд. Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шуд.

Президенти мамлакат таъкид карданд, ки ин санади тақдирсози замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин бо иродаи халқ асосҳои бунёдии давлати навтаъсис, аз ҷумла давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистонро эълон намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат додааст. Ин  меъёр, яъне тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар роҳи интихоби тақдири ояндаи худ ва кафолати Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Ва қарзи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост, ки онро бо тамоми ҳастии худ ҳифз намоем,- иброз доштанд Президенти ҷумҳурӣ.

Ноябрь 4, 2019 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд