Эмомалӣ Раҳмон — меъмори давлатдории навини тоҷикон

Ноябрь 15, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пагоҳ дар саросари Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, имрӯз дар Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамоиш доир гардид.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда  Қаландарзода аҳли нишастро бо ин сана табрик намуда, доир ба  муҳимияти ин санаи таърихӣ- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан кард. Гуфта шуд, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 22 майи соли 2016 16 ноябр ҳамчун  иди «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон» пазируфта шудааст. Ҳадаф аз таҷлили  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ид аз он иборат аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи давлат президентӣ буда, мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби олии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад ва нақши Президент дар идораи давлат басо бузург аст.

Ҳамчун рӯзи ид қабул шудани 16 ноябр  санаи рамзӣ мебошад, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар асоси Конститутсияи аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгашта интихоб шуда буданд, бори аввал 16 ноябри соли 1994 савганди садоқат ёд кардаанд. Аз ҳамон рӯз сар карда, Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардида, ба рушди минбаъдаи бомаром қадам ниҳод.

Мавлуда Қаландарзода зикр намуд, ки аз оғози фаъолият дар мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро, ки хавфи пароканда шудан ва аз байн рафтанро дошт баръало эҳсос намуда, дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як шаҳрванди он фурӯзон намуданд.

«Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Сарвари давлат ҳамчунин як нафари асосии наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигаранд»,- афзуд Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз Сарвари давлатро гирифтааст. Ҷонибдорӣ аз Пешвои миллат ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, низоми давлатдорӣ, суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон дар мавзӯъҳои «Шакли идораи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Президент- кафили ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд» сухан гуфта, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар  тақвияти пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ҳамбастагӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Ноябрь 15, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд