Лоиҳаи Стратегияи ҳамкории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Стратегияи ҳамкории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар меҳвари мулоқоти муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони БАТР таҳти роҳбарии мушовири Директори иҷроия дар минтақаи Осиёи Марказӣ Евгений Офрихтер қарор дошт. Ҷамолиддин Нуралиев меҳмононро бо вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳурӣ ва дастовардҳои он шинос намуда, аз фаъолияти Намояндагии доимии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи ҳамкории судманд бонки мазкур тавонист дар сармоягузории лоиҳаҳои муҳими бахшҳои давлатӣ, аз ҷумла барномаи қарздиҳии хурд, сармоягузории мустақим, мусоидат ба таҷдид ва рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, обтаъминкунӣ, инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии занон ва ҷавонон иштироки фаъолона намуда, дар рушди мамлакат саҳми босазо гузорад.
Иштироки БАТР дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла амалӣ кардани лоиҳаи CАSА — 1000 намунаи олии ин ҳамкории судманд аст. Ҳадафи сафари ҳайати БАТР ба Тоҷикистон муҳокимаи лоиҳаи Стратегияи ҳамкории БАТР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин, Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро ба масъалаи муҳими лоиҳаи Стратегияи мазкур ҷалб намуда, таъкид намуд, ки барои ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои минбаъдаи дар чорчӯбаи Стратегияи мазкур татбиқшаванда бояд бо дарназардошти амалӣ гардидани афзалиятҳои миллии ҷумҳурӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шаванд.
Мушовири Директори иҷроия дар минтақаи Осиёи Марказӣ Евгений Офрихтер оид ба тақвияти ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуда, зикр кард, ки фаъолияти БАТР ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ равона шуда, бо ин роҳ метавонад ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0520 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






