Медведев бо аъзоёни Шӯрои иттилоотии ИДМ мулоқот намуд

Ноябрь 26, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ Ховар/. Дирӯз, 25 ноябр Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев бо  ширкаткунандагони  ҷаласаи XXVII   Шӯрои  роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ (Шӯрои иттилоотии ИДМ) мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС. Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласаи Шӯрои иттилоотии ИДМ узви Шӯро, директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ иштирок намуд.

Яке аз мавзӯъҳои мулоқот- ин  баррасии  лоиҳаҳои муштарак бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945  буд. «Ин ҷашни умумии мост, ки ба хотири он халқҳои моро зарур омад ҳуқуқи зиндагии наслҳои ояндаро ҳимоя кунанд, — гуфт зимни ҷаласа раиси Шӯрои иттилоотии ИДМ, директори генералии ТАСС Сергей Михайлов. — Мо ҳақ надорем   ҷасорати  бузурги онҳоеро, ки дар шадидтарин ҷанг дар таърихи инсоният ғалаба кардаанд, фаромӯш  созем». Ӯ иброз дошт, ки агентиҳои иттилоотӣ барои ба наслҳои имрӯза ва оянда расонидани таърих, сабақҳо ва арзишҳои айёми ҷанг, хотираи қаҳрамононаи ҳамдиёронамон ва амалҳои ваҳшиёнаи фашизм дорои иқтидори эҷодӣ ва техникӣ мебошанд.

Михайлов иттилоъ дод, ки ТАСС намоишгоҳи густурдаи аксҳоро таҳти унвони «Матбуот дар ҷанг» омода мекунад, ки аз аксҳои хабарнигорони агентиҳо ва бойгонӣ иборат хоҳад буд. Намоишгоҳ дар Толори марказии намоишҳои «Манеж» сурат мегирад. Директори генералии Агентии иттилоотии «БелТА» Ирина Акулович доир ба омодагӣ ҷиҳати иштирок дар лоиҳаи ТАСС ва инчунин дар бораи аллакай пешниҳод намудани даҳҳо акси беназир хабар дод.

Раиси раёсати Агентии давлатии иттилоотии Озарбойҷон «АзерТАҷ» Аслан Асланов нақши муттаҳидсози солгарди Ғалабаро зикр намуд. «Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ-ин барои ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муштарак аст ва ҳар кадоме аз халқҳо, аз ҷумла мардуми Озарбойҷон  дар ин пирӯзӣ саҳм гузоштаанд», — гуфт Асланов. Ба гуфтаи вай, «АзерТАҷ» барои ҷамъоварии маводи бойгонӣ, ки дар бораи иштирокчиёни ҷанг ҳикоят мекунанд, кор бурда истодааст. Дар баробари ин, Асланов пешниҳод намуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои иттилоотӣ соли 2020 ба муносибати 100-солагии агентии иттилоотии Озарбойҷон дар Боку гузаронида шавад.

Директори Агентии давлатии иттилоотии Арманистон «Арменпресс» Арам Ананян дар бораи корҳои иттилоотӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи омодагӣ ба ҷашни Ғалаба сухан гуфт. Ӯ зикр намуд, ки дар агентӣ аксҳои нодире ёфт шуданд, ки дар он беш аз 60 сарбоз ва афсар аз ҷумҳуриҳои гуногуни ИҶШС таҷассум ёфтаанд. Меҳмони фахрии Шӯро, Директори генералии Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон Абдусаид Кучимов дар бораи саҳми ҷумҳуриҳо дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуд. Вай инчунин гуфт, ки соли оянда 75-солагии Ғалаба яке аз мавзӯъҳои асосии агентӣ хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои иттилоотии ИДМ моҳи ноябри соли 1995 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он роҳбарони хадамоти давлатии иттилоотии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Тоҷикистон шомил мебошанд. Ҷаласаи навбатии Шӯро моҳи марти соли 2020 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад.

Фаъолияти Шӯрои иттилоотии ИДМ ба таъмини ҳамгироӣ ва ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи иттилоот, фароҳам овардани шароити мусоид барои интишори бемамониати иттилоот ва табодули самараноки таҷрибаи фаъолияти касбӣ, инчунин таҳкими шарикии иттилоотӣ равона карда шудааст.

ДАР АКС: Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Д. Медведев бо иштирокдорони ҷаласаи 27-уми Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ. 25 ноябри соли 2019. Москва, қароргоҳи ТАСС. Акси ТАСС.

Ноябрь 26, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода