Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол низ насиби дастаи «Истиқлол» гардид

Ноябрь 25, 2019 11:45

ДУШАНБЕ, 25.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар таърихи мавҷудияташ маротибаи ҳаштум Ҷоми Тоҷикистон оид ба футболро ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар финали Ҷоми мамлакат, ки 24 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, клуби футболи Душанбе бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ғалаба кард. Вақти асосии дидор мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи футболбози дастаи Душанбе Комрон Турсунов дар дақиқаи 12-ум Нозим Бобоҷонов аз дастаи «Регар-ТадАЗ» дар дақиқиаи 32-юм аз пеналтӣ ҷавоб дод. Дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра футболбозони «Истиқлол» маҳорати баланд -4:2 нишон доданд. Дарвозабони «Истиқлол» Рустам Ятимов беҳтарин футболбози бозии финалӣ эътироф шуд.

Дастаи «Истиқлол» имсол ҳамчунин дар Чемпионати Тоҷикистон ғолиб омад.

Бо шарофати ғалабаи «Истиқлол» дар Ҷоми Тоҷикистон барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон – дастаи “Хуҷанд” ҳуқуқ пайдо кард, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми КФО-2020 намояндагӣ кунад. Шогирдони Виталий Левченко аз даври плей-офф мусобиқаро оғоз мекунанд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 маротибаи 28-ум баргузор шуд. Аз ҳама бештар “Истиқлол” ҳашт бор Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ” шаш бор, “Хуҷанд” чор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якмаротибаӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

НАТИҶАҲОИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992 – 2019):

1992. «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993. «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
1994. «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995. «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
1996/1997. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998. «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998. «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999. «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
2000/2001. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002. «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004. «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
2006. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
2008. «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009. «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
2013. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) — 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2016. «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) — 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
2017. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:2.

Акс аз ФФТ

Ноябрь 25, 2019 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад
Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта муваффақона хатм кард
Иштирокчиёни Ҷоми Осиё-2026 оид ба футбол байни дастаҳои то 17-сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд
Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши арзишҳои олимпӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Дубай иштирок мекунад
Дар «Tokyo Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори ду медал гардиданд
Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид
Сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мураббиёни ФФТ ҳисобот доданд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал ба даст оварданд