Парчам — рамзи иттиҳод ва истиқлоли миллат
ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти унвони «Парчам-рамзи иттиҳод ва истиқлоли миллат» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҷамъомад дар баробари кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарони як зумра ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, намояндагон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва собиқадорони меҳнат низ иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки маҳз туфайли талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарории сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, якпорчагии мамлакат, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон муяссар гардид.
Маҳз туфайли ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат ибтидои моҳи сентяри соли 2011 ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 165 метр, дарозии 60 ва паҳноии 30 метр ва вазни 700 кг, баландтарин дар ҷаҳон барафрохта шуда, ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид. Айни ҳол ин макон ҷои дӯстдоштаи сайру гашти сокинони ҷумҳурӣ ва сайёҳони хориҷӣ гардидааст.
Раиси Кумита ҳамчунин афзуд, ки Рӯзи Парчами давлатӣ дар қатори ҷашнҳои нави миллӣ, ба монанди Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи забон иди фаромӯшнопазири таърихӣ ва ифтихору сарфарозӣ мебошад.
Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлоли сиёсӣ соҳиби парчами давлатӣ — рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид. Парчами Тоҷикистон ҳамқадам ва рамзи истиқлолияти давлатӣ буда, санаи қабули он ҳамчун ҷашни умумимиллӣ таҷлил карда мешавад.
Парчам имрӯз нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далели шуҳрату иқболи баланд ва шукӯҳафзои истиқлоли мамлакат, инчунин баёнгари ормонҳои миллат ва шӯълаи имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.
Дар назди ҳозирин ҳамчунин намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ходими шинохтаи давлатӣ, ҷамъиятӣ, собиқадори меҳнат Рафиқа Мӯсоева сухан гуфта, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро рамзи иттиҳод ва истиқлоли миллат ҳисобиданд.








«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?






