«ПРЕЗИДЕНТИ МАН — ИФТИХОРИ МАН!». Ҷавонони фаъоли узви ХХДТ дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор намуданд

Ноябрь 16, 2019 17:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр бахшида ба 27-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саёҳати таърихӣ-фарҳангии ҷавонони фаъоли узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, саёҳати мазкур бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ин ноҳия дар доираи чорабиниҳои  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд.

Саёҳати ҷавонон- фаъолони узви ҲХДТ бо гирифтани акси хотиравӣ дар назди рамзи «Хӯшаи гандум» оғоз гардида, меҳмононро дар ин мавзеъ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ин ноҳия ва ҷавонони фаъол истиқбол гирифтанд.

Бояд гуфт, ки  рамзи «Хӯшаи гандум» моҳи сентябри соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.

Сутунпояи он 33 метр ва андозаи худи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил медиҳад. Дар қисми болоии рамз соли таъсис ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шудааст.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.

Ҳайати ҷавонон аз Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, Чойхонаи «Раҳмониён», осорхонаи Пешвои миллат дар Қасри фарҳанг, Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара, Маркази фарҳангу фароғатии «Хуррамшаҳр» боздид намуда, бо ҳамсинфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозор Хоҷаев суҳбат анҷом доданд.

Зимни боздид аз Қасри фарҳанг зикр гардид, ки он 12 сентябр аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст. Дар яке аз толорҳои қаср осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ташкил карда шудааст.

Қаср бо ҳашамат, намои берунаи шарқиёна, сутунҳову қандилҳои пурнақшу нигор, роҳравҳои зебо, дару девор бо сангҳои ороишии ватанӣ, кандакорӣ, гачкорӣ ва оинабандӣ хеле дилкашу назаррабо гардидааст.

Ҷавонони фаъоли узви ҲХДТ дар ҳамоиши «Президенти ман-ифтихори ман», ки аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Данғара ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»  дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара доир шуд, иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Пирмаҳмад Каримзода, Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, соҳибистеъдодону эҷодкорони ҷавон ва аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»  иштирок намуданд.

Зулфиқор Гулаҳмадзода мақсад аз баргузории ҳамоишро ҷалби бештари ҷавонон ба худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, якдигарфаҳмӣ, садоқат ба ватану миллат ва гиромидошти заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки маҳз 27 сол муқаддам, 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ  ва соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

«Аз рӯзи аввали роҳбарии  давлатро ба уҳда гирифтани  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокорона  баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии дохилӣ  барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд», — афзуд  Зулфиқор Гулаҳмадзода.

Эмомалӣ Раҳмон, — гуфт ректори Донишгоҳи давлатии Данғара,  ҳамчун сиёсатмадори варзида  дар бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд.

«Натиҷаи сиёсати созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати  ташаббускор дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст ва дар ин муддат чандин пешниҳодҳои байналмилалии мамлакат бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳон қабул ва татбиқ гардиданд», — афзуд Нуралӣ Шоҳиён.

Мавсуф иброз дошт, ки заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатро дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ ба инобат гирифта, 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд. Тибқи қонуни мазкур, ҳар сол 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

«Тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардид. Зеро дар олам ягон роҳбари давлате ба назар намерасад, ки чор пешниҳодаш дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, ҷаҳониён онро татбиқ намуда бошанд», — илова намуд Нуралӣ Шоҳиён.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён иштирокдорони ҳамоишро ба якдигарфаҳмиву якдилӣ ва муттаҳид будан дар татбиқи ҳадафҳои дарпешгузоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят ва ҳизбро татбиқкунандаи ормонҳои милливу  таҳкимбахши ваҳдату ягонагӣ дар саросари мамлакат арзёбӣ намуд.

«Ҳодисаҳои солҳои охир, ки дар ҷаҳон ба вуқӯъ пайваста истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар муттаҳид бошем. Зеро маҳз сиёсати пешгирифтаи ин абармарди дунёи сиёсат тавонист ватани моро аз  вартаи ҷаҳолати душманон ва миллатро аз парокандагӣ раҳонад»,- афзуд Илҳомҷон Ҳамидиён.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати ҷавонон зимни саёҳати таърихӣ- фарҳангӣ аз хоҷагии деҳқонии ба номи «Ҳоҷӣ Лайло» дар деҳаи Пушинг ва корҳои ободониву бунёдсозӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, дар барномаи фарҳангиву адабӣ, ки бо ҳузури сарояндагону адибон  доир гардид, ширкат варзиданд.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ
«Ховар»

Ноябрь 16, 2019 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Австралия шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда мешавад
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд