Рӯнамоии китоби «Зичии радиантҳо, суръатҳо, мадорҳо ва масири атмосферии радиометрҳои дар Тоҷикистон мушоҳида шуда» дар Душанбе

Ноябрь 25, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 25.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби астрофизикии «Зичии радиантҳо, суръатҳо, мадорҳо ва масири атмосферии радиометрҳои дар Тоҷикистон мушоҳида шуда» доир гардид. Дар маросим мутахассисон, кормандон ва астрофизикон аз Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки муаллифони китоби мазкур ходими калони Институти астрофизикаи Академияи илмҳо Мирҳусейн Назриев ва собиқ корманди Академия марҳум Рамон Чеботарёв мебошанд.

Зимни ҳамоиш ноиби президенти Академияи илмҳо, академик Ҳикмат Муъминов иброз намуд, ки ин китоб моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя мекунад.

Тавре муаллифи китоб Мирҳусейн Назриев зикр намуд, асари мазкур бо маводе, ки дар замони шӯравӣ ҷамъоварӣ гардида, нашри он бо сабабҳои объективию субъективӣ ба таъхир афтода буд, нашр гардид. Ба гуфтаи номбурда, дар китоб асосан мушоҳидаҳои солҳои 1968-1969 ва назарҳои имрӯза ҷой дода шудаанд.

Бино ба гуфтаи Назриев, “китоб дар бораи зичии радиантҳо, суръатҳо, мадорҳо ва масири атмосферии радиометрҳои дар Тоҷикистон мушоҳида шуда буда, фарқияти он аз зичиҳои қаблии Англия, Канада, Америка, Харков ва Россия он аст, ки он бори аввал хусусиятҳои физикавии ҷирмҳои метеороидиро дар бар мегирад. Гузашта аз ин ин зичӣ дар фарқият аз метеороидҳои пешин бузургии ситорагиашон аз “ҷамъи 5” равшантарро фарогир аст”.

-Ҳамин китобро Иттиҳоди байналмилалии астрономҳо дар сайти худ ҷойгир намудааст, ки он моҳияти ин зичиро дар соҳаи таҳқиқи кайҳон нишон медиҳад, афзуд М. Назриев.

Муаллифи дигари китоб Рамон Чеботарёв асосгузори таҳқиқи метеороидҳо бо усули радиолокатсионӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд.

Дар ҳамоиш  байни устодону донишҷӯён ва магистрон перомуни мавзӯъҳои ҷолиби астрономӣ суолу ҷавоб сурат гирифт.

Ноябрь 25, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад