Рӯзи байналмилалии кӯдак ва чанд масъалаи марбут ба он дар барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Таърихи таҷлил гардидани ин ид ба соли 1954 рост меояд. Маҳз дар ин сол Ассамблеяи генералии СММ ба давлатҳо пешниҳод намуд, то ягон рӯз ҳамчун рӯзи кӯдакон ҷашн гирифта шавад. СММ мехост, ин сана рӯзе бошад, ки ба фаъолият оид ба таъмини беҳбудии кӯдакон бахшида шавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, 20 марти соли 1992 ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст, ҳамасола ин рӯзро ба хотири ёдовар шудан аз дастовард, мушкилот ва имкониятҳои фароҳамомада аз ҷониби ҳукумати мамлакат баҳри кӯдакону наврасон таҷлил менамоянд.
Дар барномаи таҳлилии «Бозтоб» чанд масъалаи марбут ба кӯдакон баррасӣ мегарданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҷомеа чӣ нақш гузошт? Таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба китоб ва китобхонӣ чӣ гуна аст? Чаро кӯдакону наврасон вақтҳои охир ба амалҳои ношоиста даст мезананд?
Инҳо суолҳое мебошанд, ки дар барномаи таҳлилии «Бозтоб» матраҳ мегарданд.
Шарҳи бештари ин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъро дар барномаи таҳлилии «Бозтоб» 20 ноябр, соатҳои 09:30 (асл) 17:30 ва 20:30 (такроран) рӯйи мавҷи 101,5 Fm аз Радиои «Ховар» дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Моҳинави Наврӯз бишнавед.