Раиси Суди конститутсионӣ Абдулҳафиз Ашурзода: «Пешвои миллат моҳияти сиёсию таърихии Конститутсияро чун ҳуҷҷати тақдирсоз ва бақои давлату миллат арзёбӣ карданд»

Ноябрь 6, 2019 10:04

ДУШАНБЕ, 06.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Суди конститутсионӣ тариқи мурофиаи судии конститутсионӣ пайи ҳифзи Конститутсия, ки он инъикосгари Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, фаъолият дорад ва мавҷудияти он дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ яке аз нишонаҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд арзёбӣ мегардад. Мазмуни калимаи лотинии «конститутсия» барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан аст ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 25 соли мавҷудияти худ ба ин хусусиятҳои сиёсию ҳуқуқӣ пурра ҷавобгӯ будани  худро нишон дода, муқаррарот ва принсипҳои дар он ифодаёфта, инъикоси ин санади сарнавиштсоз мебошанд. Ин матлабро бахшида ба 25-солагии таҷлили Рӯзи қабули Конститутсия Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд. Андешаҳои пурраи ӯро пешниҳоди хонандагони сомона мегардонем:

 -Бо қабули Конститутсия, мардуми шарафманди  ватани азизамон бо  нияту орзуҳо нек ба ояндаи ватану миллати худ, ҳуқуқи таърихии хешро ба рушди давлати соҳибистиқлол амалӣ намуд ва давлату Ҳукуматро ба шоҳроҳи азими дигаргуниҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагию бунёдкорӣ раҳнамун сохт, ки  натиҷаҳои он имрӯз назаррас арзёбӣ мегарданд.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» 3 ноябри соли 2010 таъкид доштанд: «Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ… нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда,… орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва таърихии Конститутсияро чун ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба хубӣ дарк карда, онро сарчашма ва бақои давлату миллат  арзёбӣ карданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҳамон шароит ташкил ва баргузор кардани чунин чорабинии муҳими сиёсӣ, ки тақдири минбаъдаи давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон аз он алоқамандии бевосита дошт, аз қобилияти баланди ташкилотчигии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат  медод. Боварӣ ба неруи бузург, ақлу заковат, шуҷоат ва ватанпарвариву ватандории халқ, ба ӯ ҳамчун Сарвари давлат дар кори пешгирифтааш қувват ва тавоноӣ мебахшид.

Шаҳрвандони мамлакат ба Конститутсия овоз дода, амалан пуш-тибонии худро аз Сарвари давлат  ва сиёсати пешгирифтаи ӯ дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона изҳор намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар таърихи конститутсионализми Тоҷикистон, Конститутсияи соли 1994 нахустин  санадест, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. Қабули Конститутсия бори дигар соҳиби ақлу хиради азалӣ ва мардуми тамаддунофар будани халқи тоҷикро намоиш дод, ки он дар давраи басо ҳассоси таърихӣ атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, бо қабули бахтномаи тақдир ва сарнавишт, бақои давлат ва  миллати худро таъмин намуданд.

Конститутсияи мамлакат вазифаи ниҳоии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати иҷтимоӣ, ки он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, арзёбӣ намуда, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври кулл, роҳҳо ва тартиби расидан ба ин ҳадафи олӣ ва ниҳоии давлатро пешбинӣ намуд.

Конститутсия ҳамчун мафкураи навишташудаи давлатӣ, ки дар он самтҳо ва ҷабҳаҳои асосӣ ва стратегии рушди давлатдории миллӣ, дарёфт ё шинохти худ ҳамчун миллат, масъулияти муштараки халқ ва ҳокимият дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, муттаҳид намудани манфиатҳои тамоми қувва, табақаву гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа ва расидан ба ормонҳои миллӣ инъикоси худро ёфтаанд, бузургтарин манбаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ  гардид.

Конститутсия имконият фароҳам овард, ки давлат тамоми шароит ва захираҳои мавҷудаи худро барои раҳоӣ ёфтан аз ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва якпорчагии давлат, баргардонидани ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини  тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ, гузаштан ба фаъолияти созандагию бунёдкорӣ сафарбар намояд.

Аҳамияти таърихию сиёсии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои зерин иборат аст:

Якум, Дар Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми муқаррароти санадҳои инъикоскунандаи раванди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, Изҳорот дар бораи  истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 9 сенябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пурра дарҷ гардиданд, ки ин  санад инъикоси конститутсионии садоқат ба меъёр ва арзишҳои  умумибашарӣ, назарияи конститутсионализми ҷаҳонӣ, таъриху фарҳанг, забон, рамзҳои давлатӣ ва Истиқлолияти комили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ гардид.

Дуюм, Конститутсияи мамлакат аз ҷиҳати мазмун ва муҳтаво ва сохтори дохилии худ дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор гирифта, тавассути ин ҳуҷҷат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун мамлакати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муносибати давлат ба моликият, ба тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти  маҳаллӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, шиносоӣ пайдо намуд.

Ба ибораи дигар, Конститутсия барҳақ, шиносномаи давлат ва халқи Тоҷикистон гардид. Узви СММ ва муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё будани Тоҷикистон,  аз ҷониби зиёда аз 160  давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол эътироф карда шудани он ва бо аксари мамлакатҳои ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намуданаш, шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.

Дар ин раванд, Тоҷикистон бо такя бо Конститутсия, яъне қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будани халқи тоҷик, масъулияти таъ-рихӣ дар назди наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда, эътирофи  баро-барҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо бо ташаббусҳои таъ-рихии худ оид ба об, ҳифзи пиряхҳо, гузаштан ба энергияи  сабз, нақш ва саҳми бевоситаи худро дар ҳифзи сайёра аз оқибатҳои ногувору ноодилонаи истифодаи  табиат гузошт.

Айни замон, Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ аз 21 декабри соли 2016 «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки бо дастгирии ҳамаи 193 кишвари узви СММ қабул карда шудааст бомаром идома дорад, ки татбиқи он барои амалӣ намудани рушди устувор дар тамоми ҷаҳон ҷиддан  мусоидат ҳоҳад намуд.

Сеюм, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун тамоми конститутсияҳои дигар эътибори олии  ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, ки хи-лофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Дар Конститутсия эътибори ҳуқуқии қонунҳо тартиби қабул, бекор кардан ва нашр кардани онҳо  муқаррар  карда  мешавад.

Дар асос ва заминаи Конститутсия низоми ҳуқуқии мамлакат рушду таҳкими минбаъдаи худро ёфт, ки он ҷавобгӯи манфиатҳои  инсон  ва шаҳрванд, ҷомеа ва давлат буда, ин се манфиат бо  ҳам алоқаманд мебошанд

Бо ин назардошт, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои зиёде қабул гардида, мавриди танзими муносибатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ қарор доранд.

Бо қабули  Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2018-2028 (Фармони Президенти ҶТ аз 6 феврали соли 2018) рушди тамоми соҳаҳои хуқуқи мамлакат (конститутсионӣ,  гражданӣ, андоз, молия, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, соҳибкорӣ ва д.) мавриди таҳлил қарор гирифта, рушди бомароми онҳо дар танзими минбаъдаи муносибатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ муайян карда шуданд.

Чорум, Конститутсия барои таъмини кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи ваки-лонаш шароити арзанда фароҳам овард. Ҳуқуқҳои шаҳрвандонро барои ташкил намудании ҳизбҳои сиёсӣ, иштирок фаъолона дар интихобот, интихоб кардан ва интихоб шудан; дар доираи қонунҳои амалкунанда шаффоф, демократӣ, ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифтани интихобот кафолат дод.

Интихоботи мақомоти олии давлатӣ, пурра дар доираи Конститутсия, ба таври алтернативӣ  ва бо иштироки ҳизбҳои сиёсии мамлакат  баргузор гардиданд.

Ҳамин тариқ, Конститутсия барои суботи бардавоми сиёсӣ ва оромии авзои сиёсию иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам овардааст.

Панҷум,  Конститутсия ба таъсиси як қатор ниҳодҳои нави дав-латдорӣ ва ҷомеаи демократӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ шароити му-соиди сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард. Конститутсия ҳокимияти судиро мустақил эълон намуд, ки он аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Барои ба сатҳи ҳокимият ва стандартҳои эътирофшудаи байнал-милалӣ расидани ҳокимияти судӣ дар мамлакат чор барномаи ис-лоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

Тибқи ин барномаҳо, соли  2014  қонунҳои конститутсионӣ дар бораи судҳо ва Суди конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул карда шуданд.

Ҳокимияти судӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрванд нақши арзандаи худро гузошт.

Ҳамин тариқ, давлат ва роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои эътирофшудаи умумибашарӣ, ки натиҷаи рушду инкишофи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии инсоният мебошанд, иброз дошта, онҳоро дар баробари арзишҳои миллии худ мавриди истифода ва арзёбӣ қарор додаанд. Барои рушди тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ дар мамлакат имконияти васеъ фароҳам оварда шуд.

Шашум, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахустин дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва судӣ ба таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт, ки мехостам дар ин бора муфассалтар гӯям.

Падидаи назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1990 бо таъсис гаштани Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омад. Таъсиси он аз талаботи ҷомеа ва давлат ба мавҷудияти чунин як падида ва ниҳоди нав дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шаҳодат медод.

Кумитаи мазкур назорат, риоя ва татбиқи меъёрҳои Конститутсияро амалӣ менамуд ва баъдан дар таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар моддаи 89 Конститутсия салоҳияти Суди конститутсионӣ пешбинӣ шуда, санадҳои  он қатъӣ эълон гардиданд.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ бо қабули барномаҳои давлатӣ оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва таҳкими қонунгузорӣ дар бораи Суди конститутсионӣ, салоҳияти Суди конститутсионӣ ва доираи субъектҳое, ки ҳуқуқи ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карданро доранд, ҷиддан васеъ гардид

Тавассути Конститутсия асосҳои сохтори конститутсионӣ  муайян карда шуда, дар он дар баробари миллати таърихӣ будани тоҷикон, забону фарҳанги миллӣ доштан, соҳиби рамзҳои давлатӣ будан, давлат доштан, инчунин мавқеи инсон дар давлат, нақши халқ дар бунёди ҳокимияти давлатӣ, сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва хориҷӣ, муносибат ба моликият муайян карда шуданд.

Мақомоти олии давлатӣ ташкил карда шуда, дар асоси принсипи таҷзия, боздориву  мувозина салоҳият ва муносибати байниҳамдигарии онҳо муқаррар карда шуданд.

Мавқеи мақомоти маҳаллӣ, худидоракунӣ, ҳокимияти судӣ ва прокуратура дар низоми давлатдорӣ ҷои намоёни худро ёфтанд.

Конститутсия барои рушду инкишофи низоми самараноки иқ-тисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шароит фароҳам оварда, кафолати ҳифзи тамоми намудҳои моликият, алалхусус моликияти хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ  нақши назарраси худро дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва некӯаҳволии халқ намоиш дод.

Дар тағйироту иловаҳои минбаъда ба Конститутсия, сохтори дохилӣ, мазмуну муҳтавои Конститутсия, аз ҷумла дар масъалаи хусусияти давлат, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, алоқамандии устувори давлат бо шаҳрванд ва фаъолияти мақомоти давлатӣ таҳкими худро ёфтанд.

Конститутсия барои боз ҳам пурқувват ва бою ғанӣ гардондани моҳияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ҳанӯз ҳам имкониятҳои калонро доро мебошад. Зеро ҳар сол, ҳар вақт муқаррароти он бо маз-муну мундариҷаи нав рӯи кор меоянд.

Конститутсия арзиши бунёдии ҳуқуқӣ мебошад ва он дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии доиргардида, ки натиҷаи он демокра-тикунонии минбаъдаи ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон гардид, мавқеи сиёсию ҳуқуқии худро мустаҳкам намуд ва навкунии сифатии давлат ва ҷомеаи мо, институтҳои демократӣ, низоми сиёсӣ ва идоракунӣ дар зарфи 25 сол дар заминаи қатъӣ конститутсионӣ ба амал бароварда шуданд.

Бинобар ин, ҷиддан баланд бардоштани аҳамият ва нақши Конститутсияи мамлакат дар низоми давлатдорӣ, аз ҷумла низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз боз ҳам боло рафтани ҳаёти ҷамъиятӣ–сиёсӣ ва давлатӣ, ташаккули шуури оммавии конститутсионӣ, ҷамъиятӣ ва фардӣ, фарҳанги конститутсионӣ-ҳуқуқӣ, ки дар маҷмӯъ талаботи объективӣ ва аввалиндараҷаи ҷомеаи Тоҷикистон, инчунин тамоюл ва шартҳои пешравии иҷтимоӣ ва ҳуқуқи замони муосир мебошад, вобастагии амиқ дорад.

Конститутсия дорои арзишҳои конститутсионӣ мебошад, ки онҳо дар мазмуну муҳтавои ин санад инъикоси худро ёфтанд.

Арзиши иҷтимоӣ-ҳуқуқии конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки Конститтусия дар худ принсипҳои ҳуқуқӣ, идеалҳо ва арзишҳои олии умумибашарӣ, идеалҳои ҳуқуқии ба ҷомеаи демократии озод ва давлати ҳуқуқбунёд мувофиқро дар бар гирифта аст. Аз ин рӯ, ар-зиши иҷтимоӣ-ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки  он натиҷаи  ризоияти тамоми қувваҳои сиёсӣ ва қишрҳои ҷомеа ва ба инобат гирифтани манфиатҳои онҳо мебошад.

Конститутсияи мамлакати мо асоси суботи бардавоми сиёсии ҷомеа, ҳамдигарфаҳмию ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар он ва рушди ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошад.

Расидан ба ҳадафҳои зикршуда аз ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, риоя ва эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо ва аз ҳокимият фаъолияти бо низоми конститутсионӣ, таъмини кафолати ҳамаҷонибаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оштинопазириро нисбат ба қонуншиканиҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ҳама гуна мақомот ва кормандони онҳоро тақозо дорад.

Мо бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳарвақта дида ҳассостар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Ноябрь 6, 2019 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»