«Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: вазъи имрӯза ва имкониятҳои рушд»- ҳамоиш дар Душанбе

Ноябрь 27, 2019 09:55

ДУШАНБЕ, 27.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  28 ноябр дар  толори «Кохи Афсарон»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва имкониятҳои рушд» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда,  мақсад аз он омода намудани мутахассисони ҷавон барои фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш иштироки  коршиносони соҳа, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту ташкилотҳои соҳавӣ, олимону муҳаққиқон, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои қарзии хурду миёна ва мутахассисони ҷавон дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар кори ҳамоиш вазъи дурнамои соҳибкории хурду миёна, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, ҳадафҳои татбиқшавандаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Акс аз бойгонӣ

Ноябрь 27, 2019 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид