Сарҳадбонони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода ҳайати роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии фармондеҳони ҳарду ҷониб Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Руслан Мирзаев мулоқот намуданд.
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои рушду такомули минбаъдаи муносибатҳои ҳамсоягии нек ва дӯстона, инкишофи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи ҳифзи сарҳади давлатӣ миёни мақомоти сарҳадии ҳарду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, миёни намояндагони сарҳадии ҳарду давлат дар масъалаи мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар ва яроқу аслиҳа, терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, огоҳ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои қочоқи маводи мухаддир, фаъолияти гурӯҳҳои ғайриқонунии ҷиноятпеша, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мубодилаи афкор сурат гирифт.








Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд






