«СентрАзия»: Оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо

Ноябрь 14, 2019 17:20

ДУШАНБЕ, 14.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 то 12 ноябри соли равон бо даъвати президенти Франсия ва ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария бо сафарҳои расмӣ дар як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо қарор дошт. Сафари сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҳайати тоҷикистонӣ аз ҷониби расонаҳои пешбари иттилоотии дунё васеъ инъикос мегардад.

Чун пештар ба нақша гирифта шуда буд, дар рафти вохӯриҳои дуҷониба масъалаҳои иқтисодиёт, молия ва тиҷорат, иҷтимоӣ, вазифаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин диққати муҳим ба масъалаи бехатарӣ дар минтақа ва ҷаҳон равона шуда буд. Ҳам Тоҷикистон ва ҳам ҷониби мизбон аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати тоҷикистонӣ хеле манфиатдор ҳастанд, ин сафар муносибатҳои ҳозираи байнидавлатиро ба сатҳи комилан нав бароварда, алоқаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро вусъати тоза бахшид. Тӯли замони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар самти ҳамгироӣ ба ҷомеаи байналмилалӣ, демократикунонӣ ва иҷрои бечунучарои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон расид. Ва ин муваффақияти кишвар аз ҷониби қисми ғолиби кишварҳои аврупоӣ эътироф гардид. Сафари Сарвари Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо далели бебаҳси ин гуфтаҳост. Сарвари кишвар ва ҳайати тоҷикистониро дар сатҳи олитарин, бо иззату икром ва муҳити гарми дӯстона пешвоз гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер, Швейтсария, 05.11.2019

Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз боздиди расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария оғоз гардид. Дар ин ҷо ҳайати воломақоми тоҷикистониро қабули гарм ва самимӣ дар Қасри Федеролӣ, ки рамзи шаҳри Берн аст, интизор буд. Ин ҷо вохӯрии сарони ду кишвар баргузор гардид. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони олами тиҷорат вохӯриҳо гузаронд. Тоҷикистон ва Швейтсария-шарикони боэътимоди иқтисодӣ ҳастанд. Гардиши мол миёни кишварҳо устуворона зиёд мешавад. Дар нуҳ моҳи соли равон он марзи 130 миллион доллари амрикоиро убур кард. Дар даҳ соли охир намояндагони тиҷорати швейтсарӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 160 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ карданд ва Президент Эмомалӣ Раҳмон чунин меҳисобад, ки кишварҳо дорои зарфияти боз ҳам бузургтар дар ин самт ҳастанд.

Дар гуфтушунидҳо бо президенти ширкати байналмилалии «Glencore international AG», ки бо ширкати «ТАЛКО»-и Тоҷикистон дар истеҳсоли алюминий ҳамкории зич дорад, сухан оид ба рушди саноат рафт. Ин масъалаи актуалӣ барои Тоҷикистон, ки самти саноатикунонии кишварро пеш гирифтааст, маҳсуб мегардад. Ширкатҳои алюминистеҳсолкунандаи ду кишвар дар 12 соли охир дар ҳаҷми зиёда аз 4,7 миллиард доллари амрикоӣ амалиётҳои тиҷоратӣ гузарониданд. Ин ҳаҷм боз зиёд хоҳад шуд, марҳилаи нави коркарди муштараки конҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ мубодилаи афкор дар масъалаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби Швейтсария, аз ҷумла ширкати «Glencore international AG» дар соҳаҳои гуногун, аз он ҷумла дар роҳандозии лоиҳаҳо оид ба коркарди пурра дар конҳои тилло, нуқра, сурма ва инк сурат гирифт.

Ғайр аз ин, дар гуфтушунидҳои ҷонибҳо вусъат бахшидани муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ муҳокима шуданд. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон ба мисли Швейтсария кишвари сайёҳӣ аст ва даҳсолаи ҳозира давраи рушди сайёҳӣ эълон шудааст ва ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳар ду кишвар аз лиҳози шароити табиӣ ба ҳам монандӣ доранд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати байналмилалии «Гленкор» («Glencore International AG») Айван Глазенберг, шаҳри Берн, Конфедератсияи Швейтсария, 05.11.2019

Швейтсария бо бонкҳои боэътимод ва соҳаи мутаррақии бонкдорӣ машҳур аст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тсюрих дурнамои ҳамкориҳои соҳаи бонкдориро бо роҳбари Бонки Миллии Швейтсария муҳокима кард. Сухан оиди беҳтарсозии фаъолияти муассисаҳои кредитии Тоҷикистон ва омодасозии мутахассисон, роҳандозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва энергетика бо дастгирии сармоягузорони швейтсарӣ рафт. Қайд карда шуд, ки институтҳои молиявӣ ва сармоягузории Швейтсария имкон доранд дар роҳандозии лоиҳаҳои зикргардида, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмини фаъолияти пурсамари корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, бунёди корхонаҳои коркарди пахта, пашм, пилла, мева ва сабзавот иштироки фаъол дошта бошанд. Дар баромади хеш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарфиятҳои молиявии кишварро рӯнамоӣ карда, аз ҳамтоёни аврупоӣ даъват ба амал овард, ки шахсан оид ба дурнамои ҳамкориҳои тарафайн хулоса бароранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан, Швейтсария, 06.11.2019

Дар рафти бизнес-форум аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ ҷонибҳо 3 ҳуҷҷати ҳамкориро имзо карданд: Меморандум миёни Палатаи тиҷоратии Швейтсария ва Палатаи тиҷорат ва саноати Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ, Меморандум миёни Агентии миллии маркетинги Швейтсария ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар самти ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, Меморандум миёни Конфедератсияи Швейтсарии Glencore ва ширкати ТАЛКО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гардиши тарафайни мол ба маблағи 1,3 миллиард доллар. Ҳамчунин Тоҷикистон ва Швейтсария меморандумҳоеро имзо карданд, ки паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва идоракунии захираҳои обиро, ки Тоҷикистон аз он бой аст, ба низом медароранд. Президенти Тоҷикистон, ғайр аз меморандумҳои ҳамкориҳои имзокардашуда, пешниҳод кард, ки Шӯрои тиҷоратии тоҷикистонӣ-швейтсарӣ созмон дода шавад. Интизор меравад, ки ҷаласаи нахустини он дар шаҳри Душанбе аллакай соли оянда баргузор хоҳад гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария мулоқот намуданд, 06.11.2019

7 ноябр дар шаҳри Тсюрих Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳиши роҳбарияти «Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ» президенти он Джейми Флайро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ Сарвари давлат қайд кард, ки Ҳукумати ҶТ ба масъалаи озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар мамлакат аҳамияти ҷиддӣ дода, барои рӯйи кор овардани фазои озод ва корӣ ба фаъолияти васоити ахбори ватанӣ ва хориҷӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Президент зикр намуд, ки овозаҳо оид ба қатъи фаъолияти «Радиои Озодӣ» асос надошта, имрӯз дар Тоҷикистон 18 кормандони он ба қайд гирифта шудаанд, ки бемамониат фаъолияти худро роҳандозӣ мекунанд, дар ҳоле, ки дар баъзе кишварҳои пасошӯравӣ фаъолияти «Радиои Озодӣ» мамнуъ шудааст. Аммо қайд карда шуд, ки вақтҳои охир «Радиои Озодӣ» бештар ба паҳн кардани иттилоъ дар бораи аҳзоби террористӣ ва ҳаракатҳо, ки фаъолияти онҳо аз ҷониби Суди Олии ҶТ манъ карда шудааст, саргарм аст.

Дар ин вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки чунин қонунвайронкуниҳо аз ҷониби дилхоҳ ВАО номумкин аст, новобаста аз он, ки онҳо ба кӣ тааллуқ доранд. Фаъолияти ҳар шакли ВАО бояд дар асоси қонунҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма» ҷиддӣ назорат ва танзим гардад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дархости роҳбарияти радиои «Аврупои озод, Радиои озодӣ» президенти ин радио Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфтанд, Швейтсария, 07.11.2019

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти «Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ» талаб кард, ки дар доираи фаъолияти худ дар ҳудуди Тоҷикистон ҳангоми инъикоси ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар маводҳоро мунсифона бо дарназардошти ақидаи ҷомеаи шаҳрвандии он омода кунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 250 ВАО-и маҳаллӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла рӯзнома, маҷаллаҳо, радио, телевизион ва агентиҳои иттилоотӣ фаъолият доранд.

Вохӯрии сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Франсия-Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон 8 ноябр дар фазои идона таҳти садо додани сурудҳои миллии ду кишвар оғоз гардид. Макони вохӯрӣ қасри таърихии Елисей, ки чорабиниҳои сатҳи олӣ дар он мегузаранд, интихоб гардид. Дар гуфтушунидҳо сарони Тоҷикистон ва Франсия масоили ҳамкориҳои стратегӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, тандурустӣ, фаъолияти муҳандисӣ-консултатсионӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва металлургӣ, ки барои Тоҷикистон, ки самти саноатикунонии иқтисодиётро пеш гирифтааст, муҳим аст, баррасӣ карданд. Франсия ба Тоҷикистон чархболҳо, таҷҳизот барои ширкати ТАЛКО дода, маркази тиҷоратӣ месозад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон, Қасри Елисей, Париж, 08.11.2019

Ҳамчунин масоили гуманитарӣ ва фарҳангӣ муҳокима карда шуданд. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои экология ва тағйири иқлим ба мувофиқа расиданд. Диққати махсус ба бехатарии давлатии Тоҷикистон равона карда шуд, чун ҳар ду кишвар ин хатарро хеле хуб эҳсос мекунанд ва аз сар гузаронидаанд-мардумони он борҳо мавриди ҳамлаҳои террористӣ қарор гирифтаанд.

Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон санаи 6 ноябр ҳамлаи террористӣ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ содир карда шуд, ки мақсади он гузаронидани амалҳои террористӣ дар ҷумҳурӣ буд. Ин кӯшиши террористон аз ҷониби мақомоти қудратӣ рафъ карда шуд, мутаассифона, он қурбониҳоро рӯйи кор овард. Барои ҳамин, муқобилият алайҳи ҳар зуҳуроти экстремизм ва терроризм ҳаётан муҳим ҳам барои Тоҷикистон, ҳам барои Франсия аст. Оид ба терроризм ва экстремизм Эмомалӣ Раҳмон ва Эманнуэл Макрон суҳбати васеъ ва ҷиддӣ доштанд ва вобаста ба ин хатарҳои ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд. Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи ҷомеаи ҷаҳониро оид ба пойдор кардани субот дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, мехоҳад ҳамкориро бо ҳама ҷонибҳои манфиатдор мустаҳкам кунад, чунки таъмини бехатарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омили муҳими суботи миллии тамоми минтақа аст. Дар ҷараёни суҳбат таклиф ба миён омад, ки платформа барои муколама миёни Франсия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ созмон дода шавад. Дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар чорчӯби ташкилотҳои бонуфуз ва иттиҳодияҳо, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо муҳокима карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳиссаи назарраси ширкатҳои Франсиявиро дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, амалисозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва энергетикӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, хидматгузорӣ, лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва бахши хусусӣ, ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ қайд кард.

Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии президентҳои Тоҷикистону Франсия 5 ҳуҷҷати ҳамкорӣ ба имзо расид: Созишномаи дуҷониба оид ба хатти парвоз; Декларатсия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ; Декларатсия оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Франсия дар 5 соли наздик; Декларатсия оид ба ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ВКХ Франсия ва Институти Франсиявии пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ (IFEAC); Меморандум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Сорбонни Париж. Ҳамагӣ дар ҳошияи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Франсия 11 санади нав оид ба ҳамкориҳои тарафайн ба тасвиб расид.

Дар анҷоми вохӯрӣ Сарвари Тоҷикистон аз Эманнуэл Макрон даъват ба амал овард, ки бо сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф оварад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

8 ноябр Сарвари Тоҷикистон дар шаҳри Париж бо Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле вохӯрд. Дар вохӯрӣ як қатор масъалаҳои муҳими ҳифз ва бузургдошти осори таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, ба рӯихати осори ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани як қатор маконҳои таърихии Тоҷикистон, ки дар Роҳи Бузурги Абрешим қарор доштанд, муҳокима гардиданд. Тоҷикистон мақсад дорад, ки соли 2020 5500-солагии шаҳри қадимии Саразмро, ки соли 2010 ба рӯихати умумиинсонии осори фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда шуда буд, ҷашн гирад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле, Париж, 08.11.2019

12 ноября соли равон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сулҳи Париж ширкат дошт.

Дар фазои сафари бобарори расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати тоҷикистонӣ ба Аврупо, натиҷаҳои самарабахши он, санадҳои сершумори баимзорасида ва созишномаву тавофуқномаҳо, амалҳои ба ном «мухолифон» хеле манфӣ ва шармандавор ба назар мерасанд. Таҳти роҳбарии ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломии мамнӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло аз шарм барои ҷиноятҳои содиркардаи ТТЭ ҲНИТ худро ҳамчун «Паймони Миллии Тоҷикистон» ҷилва дода, кӯшишҳои масхараомези нишон додани вокуниши манфӣ барои сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо амалӣ шуданд. Онҳо кӯшишҳои беҳудаи ҷалби роҳгузаронро ба худ пеш гирифтанд, чун кайҳост, ки онҳоро ҳеҷ кас ҷиддӣ қабул надорад. Чун ҳоло Тоҷикистон обрӯи бебаҳс дорад, дастгирии васеи ҷомеаи солимфикри ҷаҳониро дорост, ки ин бо сафари расмии Сарвари давлат ба кишварҳои аврупоӣ ва натиҷаҳои мусбии бадастомада исбот мешавад. Қабули бошукуҳи Президенти Тоҷикистон аз ҷониби сарони аврупоӣ бозгӯи ин гуфтаҳост. Ин сафарро метавон хеле самаранок номид, ки мавқеи арзандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ нишон дод.

Таҳлили ин сафар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон барои Ғарб ҳамчун шарики боэътимоди иқтисодӣ ҷолиб аст. Ин кишварест, ки дар роҳи демократия рушд мекунад ва истиқлолият, бехатарӣ ва тарзи дунявии ҳаёти худро муҳофиз аст. Бо доштани якуним ҳазор километр сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, Тоҷикистон қобилияти худро барои таъмини бехатарии на танҳо худ, балки минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупоро зоҳир мекунад. Ва бо терроризм муборизаи қатъӣ мебарад.

Юрий МАКЕЕВ,
коршиноси клуби аналитикии «Европейское сообщество»

Манбаъ — СентрАзия, 11 ноябри 2019.

Ноябрь 14, 2019 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин