«Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак» — Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи амнияти ҳаракат дар роҳ

Ноябрь 18, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 18.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20 ноябр то 28 декабр дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳти унвони  «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак — 2019» Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин расми кӯдакона эълон менамояд. Довталабон расмҳоро бояд   то 20 декабр ба Кумитаи тадорукоти озмун пешниҳод намоянд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз  баргузории озмуни мазкур  тарғибу ташвиқи омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни кӯдакону наврасон ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо мебошад.

«Ба ин восита  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои омӯзиши  қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳавасманд карда мешаванд.  Зеро аз надонистани ин қоидаҳо ва риоя накардани онҳо баъзе аз наврасон ба  ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дучор  мегарданд. Мутаассифона, дар натиҷаи ин садамаҳои нақлиётӣ қисме аз наврасон маҷрӯҳ гардида, қисмати дигарашон ба  ҳалокат мерасанд», — илова намуд манбаъ.

Дар Озмун хонандагони аз 8 то 13-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавонанд иштирок намоянд.

Озмун 28 декабри соли 2019 ҷамъбаст гардида, ғолибон аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак» ҳамасола охири сол ҷамъбаст карда мешавад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» шарикони лоиҳаи мазкур мебошанд.

Расмҳои беҳтарине, ки дар озмун баҳои баланд мегиранд, минбаъд тавассути варақаҳо ва таҳияи роликҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни кӯдакону наврасон паҳн карда мешаванд.

Озмуни мазкур  соли гузашта 29  декабр  дар толори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъбаст гардид.

Дар муддати  як моҳе, ки озмуни мазкур  эълон гардида буд,  ба унвони  он зиёда аз 500 расм дар мавзӯи пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон  ворид гардиданд.

Аъзои ҳакамон баъди азназаргузаронии расмҳои пешниҳодгардида якдилона ҷойи аввалро сазовори хонандаи синфи 8-уми Гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  Олимҷон Исмоилов донистанд.

Хонандаи синфи 7-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Саидшоҳи Бекназар ва хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 78-и шаҳри Душанбе Сумая Облоёрова  ҷойи дуюмро ишғол намуданд.

Ҷойи сеюми Озмун  насиби хонандаи синфи 7-уми МТМУ №28-и ноҳияи Шуғнони ВМКБ Саидбек Ноёфтов,  хонандаи синфи 7-уми МТМУ №14 шаҳри Душанбе  Фарҳод Шарифов, хонандаи синфи 6-уми Гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Анушервон Гулов  гардид.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» оғоз гардид
Дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия дар мавзуи рушди саноатикунонии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 76 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуд
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мешавад
Дар ноҳияи Ёвон «Чойхонаи собиқадорон» ифтитоҳ ёфт
Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, санади сарнавиштсоз шиносномаи давлату миллат аст
ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. Дар Тоҷикистон 834 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масъалаи барҳамдиҳии ҳама гуна шаклҳои табъиз баррасӣ гардид
Чӣ боис шуд, ки лозури Деҳдал ин дафъа бо суръати баланд ҳаракат намуд?
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо