Соли 2020 якумин тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо мегузарад

Ноябрь 18, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 18.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо моҳи апрели соли 2020 ба нақша гирифта шуда, дар робита ба он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи назаррас гузаронидани чорабинии мазкур нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст.

Дар зимн 15-16 ноябр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори Департаменти баҳодиҳии сиёсати савдои Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) Вилли Алфаро, Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва ҳамкории техникии СУС хонум Бриҷит Чилала, Мушовири калон оид ба мусоидати рушди савдои Маркази байналмилалии савдо Муҳаммад Саид, намояндагони Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ва Конфронси СММ оид ба савдо мулоқот намуда, масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва савдоро баррасӣ намуданд.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар вохўриҳо ҷонибҳои СУС ва СММ аз пешравиҳои ноилгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла оғози расмии Портали савдои Тоҷикистон ва Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва тарнзитӣ изҳори қаноатмандӣ намудаанд. Ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати пешниҳоди кумакҳои техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани якумин тафсири сиёсати савдои мамлакат дар СУС ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони соҳаи савдо баён карданд.

Ҳамзамон ҳайати ҷумҳурӣ дар якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Халқии Демократии Лаос иштирок карда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Ноябрь 18, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд