Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ду чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Конфренсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай доир гашт.
Дар ҷаласа ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Конфренсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре таъкид гардид, Конфренсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» соли 2020 ва ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






