ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 315-умин рӯзи соли 2019 аст

Ноябрь 11, 2019 08:00

11 ноябри соли  2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

9 сол пеш аз ин, 11 ноябри соли 2010 дар Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони воҳидҳои молиявию иктишофии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.

11 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Канада – Рӯзи ёдбуд.

***

Дар Ангола – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Полша – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар ИМА – Рӯзи собиқадорон.

РӮЙДОДҲО:

11 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаи ҳамкории ҳарбӣ барои соли 2010 ба имзо расид.

***

11 ноябри соли 2016 дар Минск ансамбли рақсии «Зебо» дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус, ки 4 рӯз идома ёфт,  ҳунарнамоӣ кард.

***

3 сол пеш, 11 ноябри соли 2016 дар Австрия форуми Тоҷикистону Австрия «Имкониятҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон» доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 масоили рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ветнам муҳокима гардид.

***

11 ноябри соли 1973 миёни Миср ва Исроил шартномаи сулҳ ба имзо расид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар Вена шашумин ҷаласаи муштараки комиссияи Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ доир гардид.

***

 Соли 1940  аввалин маротиба мошини тамғаи «Ҷип» бароварда шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Ноябрь 11, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш