ТОҶИКИСТОН — ФРАНСИЯ: Расо шаш сол мешавад, ки дар Париж ба омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик шурӯъ кардаанд

Ноябрь 4, 2019 17:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Франсия сафар карданд.

Дар робита ба ин, хабарнигорони АМИТ «Ховар» таърихи муносибот миёни Тоҷикистон ва Франсияро варақ заданд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия 3 марти соли 1992 барқарор шудаанд.

3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе сафоратхонаи Ҷумҳурии Франсия кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт.

Моҳи январи соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид таъйин шуд.

Айни ҳол Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар (аз 22 ноябри соли 2016) мебошад.

Муносибатҳои сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо). Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия дар соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг ва ҳарбӣ ҷараён доранд.

Франсия яке аз давлатҳое мебошад, ки соли 1991 мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард. Ташрифи котиби давлатии Франсия оид ба корҳои хориҷӣ Ален Вивен ба шаҳри Душанбе моҳи марти соли 1992 далели гуфтаҳои болост. Дар ҷараёни ташриф масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва берунии ду мамлакат, роҳҳои инкишофи муносибатҳои дутарафа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Инчунин маросими имзои протокол оид ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия баргузор гардид.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Франсия моҳи декабри соли 2002 нишондиҳандаи манфиатдории тарафҳо дар тақвияти ҳамкории дуҷониба мебошад.

Ҳангоми сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Франсия ҷаноби Жак Ширак, раиси Сенат, вазири корҳои дохилӣ, вазири мудофиа, вазири савдои беруна ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия вохӯриҳо доир намуд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Франсия барои иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО моҳи октябри соли 2005 ба рушди ҳамкории дуҷонибаи фарҳангӣ такони иловагӣ бахшид. Дар доираи сафар Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон дар Франсия бо иштироки васеи намояндагони аҳли санъату ҳунари тоҷик барпо гардид. Барои санъаткорони Тоҷикистон мулоқот бо Президенти Франсия ташкил карда шуд, ки зимни он Жак Ширак ба онҳо мукофотҳои давлатии Франсияро тақдим намуд.

Оғози солҳои 2000-ум робитаҳои дуҷониба дар сатҳи баланд инкишоф ёфтанд. Ба таври мисол метавон ба чунин ташрифҳои сатҳи баланди дуҷониба ишора кард: ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардани вазири ҳамкорӣ ва франкофонияи Ҷумҳурии Франсия ҷаноби Шарл Жосселан моҳи феврали соли 1999, вазири амнияти Франсия ҷаноби Ален Ришар моҳи январи соли 2002, вазири корҳои хориҷии Франсия Доминик де Вилпен моҳи сентябри соли 2002, вазири мудофиаи Франсия хонум Мишел Аллио-Мари моҳи декабри соли 2003, вазири савдои берунаи Франсия ҷаноби Франсуа Лоос моҳи майи соли 2004.

Ҳамкории ҳарбии ду давлат низ оғоз аз соли 2002 то соли 2013, махсусан дар давраи будубоши пойгоҳи низомии ҳавоии Франсия дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе инкишоф ёфтанд. Боздидҳои охирини вазири мудофиаи Франсия хонум Мишел Аллио-Мари 17-19 декабри соли 2005, 20-21 июл ва 16-18 декабри соли 2006 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Дар доираи ин боздидҳо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Франсия бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриҳо доир намуд, ки зимни он масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумлаи чунин масъалаҳо- ин тамдид намудани муҳлати иқомати қисми ҳарбии Ҷумҳурии Франсия дар фурудгоҳи ш.Душанбе буд, ки дастгирии техникии қувваҳои муттаҳидаро дар Афғонистон бар уҳда дошт.

Моҳи декабри соли 2002 Созишнома оид ба ҳамкории байни муассисаҳои ҳарбии ду давлат ба имзо расид. Созишномаи мазкур ҳамкориро дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои низомӣ барои Тоҷикистон пешбинӣ мекунад. Дар доираи ин созишнома низомиёни тоҷик ҳар сол дар машқҳо ва чорабиниҳо, ки тибқи нақшаи ҳамкории ҳарбӣ баргузор мешаванд, иштирок намуда, донишҳои зарурӣ мегиранд.

11-12 апрели соли 2008 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия ҷаноби Бернар Кушнер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Б.Кушнерро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ муҳокима гардиданд.

28 ноябри соли 2012 дар ш.Париж дар бинои Сенати Франсия Ассотсиатсияи дӯстии «Франсия-Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Раиси Ассотсиатсия якдилона собиқ Сафири Франсия дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани интихоб гардид.

30 сентябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедарро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.

8 декабри соли 2016 дар ш.Париж дар таърихи муносибатҳои дуҷониба нахустин машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия баргузор шуданд, ки зимни онҳо доираи васеи масъалаҳои муносиботи дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Франсия, мавзӯъҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ ва бисёрҷониба (мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм, қочоқи маводи мухаддир, таъмини рушди устувор), муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масоили байналмилалӣ, аз қабили вазъи Афғонистон ва Ховари Миёна муҳокима гардиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳо муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд.

29 марти соли 2017, бо даъвати Вазири корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Франсия ҷаноби Жан-Марк Эро, дар ш.Париж вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ ба ифтихори 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Франсия барпо гашт. Ҳайати Тоҷикистонро дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд.

Робитаҳои байнипарлумонӣ. Вақтҳои охир тамоюли рушди муносибатҳои парлумонии ду давлат мушоҳида мешавад. Апрели соли 2011 ҳайати гурӯҳи байнипарлумонии дӯстии Сенати Франсия  – Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Андрэ Дюле ва моҳи июни соли 2011 «Маъмурият оид ба геополитикаи об»-и Ассамблеяи миллии Франсия таҳти роҳбарии Лионнел Люка ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ҷараёни сафар мулоқотҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ М. Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ш. Зуҳуров, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардиданд.

2 сентябри соли 2013 сафари гурӯҳи парлумонии дӯстии “Франсия -Тоҷикистон”-и Сенати Ҷумҳурии Франсия таҳти роҳбарии ҷаноби Андрэ Дюле баргузор гардид.

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ. Бо мақсади рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳангоми сафарҳои вазири мудофиаи Франсия  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро гурӯҳи соҳибкорон ва иқтисодшиносон ҳамроҳӣ мекард, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта мешуд. Дар натиҷаи чунин мулоқот дар бораи таъсиси Клуби соҳибкории Тоҷикистону Франсия қарор қабул карда шуд.

Намояндагони доираҳои соҳибкории Франсия ҳамчунин бо намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ вохӯрда, масъалаҳои марбут ба фазои сармоягузорӣ дар мамлакатро муҳокима мекарданд. Зимни чунин вохӯриҳо якчанд лоиҳаҳо дар соҳаҳои бонкдорӣ ва энергетика, инчунин саноати хӯрокворӣ пешниҳод гардида буданд.

8 августи соли 2008 дар ш.Душанбе Протоколи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба имзо расид. Муфовиқи Протоколи мазкур ҷониби Франсия ба Тоҷикистон ба маблағи 17 млн. евро қарзи имтиёзнок медиҳад. 19 ноябри соли 2008 Созишнома дар асоси Протоколи номбурда ба имзо расид. Маблағи мазкур барои амалӣ гардонидани лоиҳаи сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешбинӣ мегардид. Муҳлати амалисозии лоиҳа 2 сол буд. Сохтмони терминали навро ширкатҳои фаронсавии «Sofema Group» ва «Alpha Airport» анҷом доданд.

1 майи соли 2009 дар Душанбе Протоколи иловагӣ ба имзо расид. Тибқи санади мазкур барои татбиқи лоиҳа, ки бояд сентябри соли 2011 ба анҷом мерасид, Франсия иловатан 3 млн. еврои дигар мебоист ҷудо намояд. Ҳамин тариқ, маблағи умумии ҷониби Франсия дар амалӣ намудани ин лоиҳа ба 20 млн. евро расид. Дар маҷмӯъ, тибқи нақшаҳо Франсия барои бозсозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 49 млн. евро сарф кард.

18 октябри соли 2009 дар ҷараёни сафари Намояндаи махсуси Президенти Франсия оид ба масоили Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Тиерри Марианӣ ба Тоҷикистон маросими расмии сохтмони терминали Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор шуд.

3 сентябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди 90-уми таъсиси авиатсияи граждании тоҷик ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истифода дода шуд. Зимни шиносоӣ бо шароити кории терминали нав, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дар асоси қарордод миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия ва миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати фаронсавии «Винчи Констракшин Гранд Проҷектс – VINCI» дар муддати 20 моҳ сохта ва муҷаҳҳаз карда шуд.

Қобили таъкид аст, ки 24 апрели соли 2015 дар ш.Душанбе Форуми нахустини соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Франсия бо иштироки намояндагони Ассотсиатсияи ширкатҳои Франсия – МЕДЕФ Интернейшнл ва роҳбарони соири 20 ширкату корхонаҳои франсавӣ доир гардид.

Моҳи ноябри соли 2015 дар ш.Париж ҳайати соҳибкорони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муҳтарам Қодири Қосим бо сафари корӣ қарор дошт. Зимни сафар ҳайати соҳибкории Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассотсиатсияи МЕДЕФ Интернейшнл бо роҳбарияти он ва ширкату корхонаҳои фаронсавӣ мулоқоту музокироти судманд анҷом доданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо миёни Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи МЕДЕФ Интернейшнл Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расида, Шӯрои соҳибкорони Франсия -Тоҷикистон таъсис ёфт.

21 июни соли 2016 дар ноҳияи Исмоили Сомонии ш.Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин Маркази тиҷоратии “Душанбе мол”-ро ифтитоҳ намуд.

Ҳиссаи назарраси масоҳати Маркази тиҷоратӣ ба ташкили гипермаркети “Ашан” рост меояд. Бо даъвати соҳибкорони ватанӣ роҳбарияти ширкати фаронсавии “Шивер Интернейшнл” гипермаркети нахустини “Ашан”-ро дар Осиёи Марказӣ, дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд. Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи «SchieverTadjikistan» моҳи июни соли 2014 аз ҷониби ҶСП “Евразия”, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ширкати оилавии фаронсавии “SchieverInternational” таъсис ёфт. Мавриди зикр аст, ки ин ширкат нуфузи ҷаҳонӣ дошта, дар кишварҳои гуногун зиёда аз 3000 маркази савдо – гипермаркет дорад. Барои таъмини фаъолияти гипермаркети «Ашан» дар Маркази савдои Душанбе-мол то 400 ҷойи кории нав ва зиёда аз 70 ҷойи корӣ барои раёсати идоракунӣ ташкил карда шуд.

Аз соли 2015,дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия оид ба сохтмони манораи назоратию диспетчерӣ дар фурудгоҳи ш.Душанбе,мақомоти марбутаи ду кишварбо мақсади татбиқи амалии лоиҳаи мазкур гуфтушунид бурда истодаанд.

Дар Тоҷикистон айни ҳол 25 ширкату корхонаҳои Франсия, аз ҷумла Airbus, Alstom, Auchan, Coyne et Bellier, Total, Gemalto, Isover Saint-Gobain, L’Oreal, Michelin, Nutristar, Sofreco ва ғайраҳо, фаъолият мекунанд.

Ҳаҷми савдои беруна миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия дар 9 моҳи соли 2017,3 млн. 382,7 ҳаз.долл. ИМА-ро ташкил дод (воридот – 3 млн. 206,9 ҳаз. долл. ИМА, содирот –175,8 ҳаз. долл. ИМА).

Муносибатҳои фарҳангӣ ва маорифӣ. Тоҷикистон ва Франсия муносибатҳои худро дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия дар бораи ҳамкории фарҳангӣ ва илмию техникӣ (аз моҳи декабри соли 2002) ба роҳ мондаанд. Дар заминаи созишномаи мазкур дар ш.Душанбе Маркази фарҳангию маорифии “Бохтар” (Centre Culturel Bactria) фаъолият менамояд, ки ҳамасола чорабиниҳои фарҳангию маорифӣ, аз ҷумла Ҳафтаи франкофония, намоиши филмҳои фаронсавӣ, намоишгоҳҳои китобу рассомон, озмунҳои забони фаронсавӣ ва ғайраро ташкил мекунад. Ҳамзамон, дар Маркази фарҳангии “Бохтар” курсҳои омӯзиши забони фаронсавӣ барои хоҳишмандон амал мекунанд.

Дар соли хониши 2016-2017 дар донишгоҳҳои Франсия 20 нафар донишҷӯёни тоҷик (10 нафар дар шуъбаи бакалавриат ва 10 нафар дар шуъбаи магистратура) таҳсили илм мекарданд, ки ҳамаи бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик ба тариқи барномаи Иттиҳоди Аврупо Erasmus Mundus ва Erasmus+ пешниҳод мегардиданд.

Шурӯъ аз 3 октябри соли 2013 дар Институти миллии забонҳои шарқии Ҷумҳурии Франсия забони тоҷикӣ ба барномаи таҳсил таҳти унвони “забон ва фарҳанги тоҷикӣ” ҷорӣ гардидааст.

Барои хоҳишмандони таҳсил дар Франсия аз моҳи сентябри соли 2016 дар Маркази фарҳангии “Бохтар” (ш.Душанбе) идораи барномаи Агентии таҳсилоти олии “Campus France” кушода шудааст, ки барои дарёфти бурсияҳои таҳсилотӣ дар донишгоҳҳои фаронсавӣ кумаку роҳнамоӣ мекунад.

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ. Миёни Тоҷикистону Франсия 17 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудаанд, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника, муосиргардонии инфрасохтори фурудгоҳи Душанбе, мудофиа, бехатарии дохилӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Ноябрь 4, 2019 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ