ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкори ватанӣ Рузиқул Шоев дар Хоруғ бинои 13-ошëна месозад

Декабрь 17, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  16 декабр бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар маркази шаҳри Хоруғ хишти аввали бинои 13-ошëна гузошта шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, соҳибкори ватанӣ Рузиқул Шоев тасмим гирифтааст, ки дар ободонии шаҳри Хоруғ саҳми арзанда гузошта, бинои 13-ошëна бунёд намояд. Дар назар аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ин бинои замонавӣ мавриди истифода қарор гирад.

Мавриди зикр аст, ки маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъд аз истиқлолият симои худро куллан дигар намуд. Аз ҷумла, қомат афрохтани биноҳои баландошëна ва ба истифода додани чандин майдончаҳои варзишӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.

Декабрь 17, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд