АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Декабрь 10, 2019 10:18

ДУШАНБЕ, 10.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Тоҷикистон мубориза бо коррупсия самти муҳими сиёсати Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст ва дар ин  ҷода заминаҳои ҳуқуқию сохторӣ ташаккул ёфта, ҳамкориҳои байналмиллалӣ роҳандозӣ шудаанд.

28 ноябр  дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди муҳокима карор гирифт.  Дар ин бора котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуралӣ САИДОВ ба АМИТ  «Ховар» чунин  иброз дошт:

-Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон дар машварати кории навбатӣ ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолияти 20-солаи Шӯроро мавриди баррасӣ қарор дода, ба ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд  ва , аз ҷумла,  чунин тазаккур доданд:

«Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад.

Барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ҳоло дар кишвар тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ба вуҷуд оварда шудаанд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, дар самти ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот як силсила тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.

Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намояд.

Шӯрои ҷамъиятӣ метавонад дар ин замина ҳамчун воситаи робита миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ нақши муҳимро иҷро намояд.

Барои амалӣ намудани чунин тадбир мо василаи хуби таблиғотиро дорем, ки яке аз онҳо арзишҳои маънавии халқамон мебошад.

Истифодаи мақсаноки боигарии маънавии мардуми мо яке аз воситаҳои асосии мубориза бо коррупсия ба ҳисоб меравад, ки шаҳрвандон, бахусус, ҷавононро ба шукру қаноат ва ҳалолкориву меҳнатдӯстӣ ҳидоят менамояд».

Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ якҷо бо бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҷиҳати иҷрои ин роҳнамоии Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, Нақшаи чорабиниҳоро оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати кории Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия намуда, банди алоҳидаеро маҳз ба мубориза бар зидди коррупсия бахшид, ки ин Нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ тасдиқ гардид.

Дар ин банд таъкид шудааст, ки Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамкориҳои ҳарчи бештареро бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия ва ташвиқи пешгирии он дар ҷомеа, инчунин ҳидояти шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба арзишҳои миллӣ, аз қабили шукру қаноатпешагӣ ва ҳалолкориву меҳнатдӯстӣ ба таври мунтазам ба роҳ монад.

Дар Паёми навбатии худ аз 26 –уми декабри соли 2018 Пешвои муаззами миллат дар қатори дигар масоли умдаи милливу байналиллалӣ ҳамчунин ба масъалаи коррупсия ва зарарҳои он, таваҷҷӯҳ намуда,  ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди  коррупсия»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.

28 ноябри соли 2019 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия»   мавриди муҳокима карор гирифт.

Бояд гуфт, ки як моҳ қабл аз баргузории ҷаласа  лоиҳаи нави қонун аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба мо дастрас гардид ва он ҷиҳати омӯзиш ва пешниҳод ба ташилотҳои узви Шӯрои ҷамъиятӣ ирсол карда шуд.

Дар кори ҷаласа Сайфиддин Сироҷзода– мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ,   Суҳроб Сафарзода– муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, М. Раҳмонзода– Сардори раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Валӣ Ваҳҳобов – муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафар Азимӣ – муовини раиси  Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, ба саволҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ посух гуфтанд.

Сайфиддин  Сироҷзода   зикр намуд, ки бо мақсади пешгирӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми декабри соли 2010 Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки   26-уми декабри соли 2018 ироа гардид,  зикр намуданд, ки «ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад».

Пешвои муаззами миллат субъектҳои ваколатдори соҳаро уҳдадор намуданд, ки ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузаштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. Дар баробари ин ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супорида шуд, ки якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҷиҳати иҷрои ин супориши гурӯҳи корӣ созмон дода шуд, ки он дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия»-ро таҳия ва баъди мувофиқа    бо мақомоти дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд.

Лоиҳаи Қонуни мазкур дар воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода шуд ва  бо дарназардоштани таклифу пешниҳодҳо 26-уми ноябри соли 2019 барои такмил баргардонида шуд.

Зимни суханронии худ Сардори раёсати бақайдгирии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Раҳмонзода зикр кард, ки давлат аз фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ манфиатдор аст, зеро он яке аз нишонаҳои ташаккули ҷомеаи демократӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ оид ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия ва иштироки онҳо дар таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки мақсади асосии дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»  —  ин коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва ташаккули роҳҳои пешгирии ин намуди ҷиноятҳо ба воситаи ба роҳ мондани корҳои тарғибу ташвиқотӣ мебошад.

Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Сафарзода   хотиррасон шуд, ки  ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки ин ташаббус таҷрибаи беҳтарин дар қабул қонунҳо арзёбӣ мегардад.

Зеро аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ гардидани лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки лоиҳаи ин қонун пурра ва мукаммал карда шуда, фарогири масоили ҳамаи қишрҳои ҷомеа бошад.

Баъдан, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Валӣ Ваҳҳобов ба сухан баромада, иброз дошт, ки Ҳукумати кишвар коррупсияро яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии давлат арзёбӣ намуда, аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар ин самт оғоз намудааст.

13-уми марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ бо роҳбарият ва дигар масъулини ниҳоди мазкур мулоқот доир намуда, вазъи соҳа ва фаъолияти кормандони прокуратураро дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлилу баррасӣ карда, барои таъмини волоияти қонун, риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва иҷрои дигар супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Мо бояд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро тақвият бахшем. Вале то ҳол содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ нишон медиҳад, ки ин чораҳо басанда нестанд. Тавре ки зикр гардид, дар мубориза бо коррупсия шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ низ метавонанд саҳми муҳим гузоранд.

Тавре узви Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода зимни суханронӣ  иброз намуд,  дар ҷараёни суҳбати имрӯза ишораҳо ба амалҳои фасод рафт. “Бояд зикр кунам, ки дар табиат ва ниҳоди инсонӣ ҳамеша хирад бо нафси саркаш дар набард қарор доштааанд ва пирӯзии яке бар дигаре сатҳи маънавияти инсонро муайян менамуд. Хирадманд ҳамонест, ки бар нафси хеш пирӯз аст ва мағлубияту нокомии инсон аз он аст, ки нафс бори гарони хеш ба дӯши ӯ меандозад”.

Дар ин маврид ӯ фармудаи Пайғамбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) мисол овард: «Инсони ришвагиранда ва ришвадиҳанда ҳар ду дар ҷаҳаннам ҳастанд»,  яъне, азоби дузах мекашанд. Инсонҳое, ки ба молу амволи ҷамъият ва мардум хиёнат мекунанд, тибқи дастури шаръи шариф бемуҷозот нахоҳанд монд, чунон ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Мусалмони комилу комёб нест, ҳатман дар зиндагии ин дунё ва охират ба азобҳои зиёде мубтало мешавад». Воқеан дини мубини Ислом парҳезкорӣ ва луқмаи ҳалолро аз саодатҳои неки инсонӣ медонад

Баъди анҷоми суханрониҳо муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур сурат гирифт, ки дар он роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои  узви  Шӯрои ҷамъиятӣ: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон,, Ҳизби Демокраии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба Ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд», Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Тоҷикистон ва Бунёди дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ (ФПГИ) фикру мулоҳиза ва андешаҳояшонро иброз намуда, пешниҳодоти мушаххасро оид ба такмили лоиҳа ба таври хаттӣ ба Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ супурданд.

Котиботи Шӯро фикру мулоҳизаҳо, андешаҳо ва пешниҳодҳои мушаххаси аъзои Шӯрои ҷамъиятиро гирд ва ба танзим дароварда дар ҳаҷми 22 (бистуду) саҳифа ба Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол  намуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз он ки дар кишвар мубориза бо ин зуҳурот бо шеваҳои шадидтар сурат гирифта, аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар ниҳодҳои марбутаи давлатӣ садҳо ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ошкору дастгир мешаванд, вале мутаассифона то ҳанӯз ришвахорӣ дар ҷомеа аз байн нарафтааст.

Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун меҳвари ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, омода аст дар муқовимат бо фасоду ришвахӯрӣ дар ҷомеа саҳмгузор бошад ва ин амалро ба таври мунтазам ба роҳ мондааст.

Бо назардошти он, ки баррасии масъалаи мубориза бо коррупсия дар Шӯрои ҷамъиятӣ тибқи нақшаи кории Шӯро хусусияти мунтазам дорад, бинобар ин баъди қабули қонун рафти татбиқи қонуни мазкур дар ҷомеа аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, баъди муддати муайяне дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Декабрь 10, 2019 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ