АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: мушкилоти нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг бартараф мегарданд

Декабрь 5, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 05.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  22 декабри  соли 2017  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг  изҳори нигаронӣ намуда буданд.

Пешвои миллат дар ин маврид зикр карданд, ки «аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  дар даҳ соли охир Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ бунёд гардида, сохтмони Театри миллӣ дар пойтахт  идома дорад.

Бинои аксари театрҳои касбӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ду театри академӣ дар шаҳри Душанбе аз таъмири асосӣ бароварда, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат  беш аз 20 театр ва қасру марказҳои муосиру муҷаҳҳази фарҳангӣ ба истифода дода шуданд».

«Моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат.

Дар ин робита Вазорати фарҳанг вазифадор гардида буд, ки мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намояд.

Воқеан ҳам мутахассисони баландихтисоси соҳаи санъату фарҳанг  дар рушди бахши  сайёҳии мамлакат нақши  намоён  дошта метавонанд. Зеро ҳар сайёҳ ва ё меҳмони хориҷие, ки   ба Тоҷикистон меояд, ҳатман аз осорхонаҳо,  мавзеъҳои ёдгории таърихӣ ва дигар марказҳои фарҳангии он  дидан менамояд. Дар ин марказҳо бояд мутахассисони касбияташон  ба сатҳи байналмилалӣ  ҷавобгӯ ба сайёҳон хизмат расонида, онҳро бо таъриху фарҳанги ғании миллати куҳанбунёди тоҷик ошно созанд.

Тавре  муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Музаффар ДАВЛАТЗОДА  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби  ин вазорат тадбирҳои судманд андешида шуданд. Аз ҷумла, «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022  таҳия гардид.  Бояд гуфт, ки дар  тайёр кардани мутухассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр нақш ва рисолати масъулину устодони донишкадаю муассисаҳои вазорат бояд назаррас бошад.  Онҳоро зарур аст, ки  ба воситаи амалисозии барномаҳои асосии таълимӣ ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳибкасбу боистеъдод, давомдиҳандагони фаъолияти наҷиби насли гузашта  диққати ҷиддӣ диҳанд, то онҳо аз рӯи талаботи назария ва амалия  тайёрии баланди тахассусӣ, маданият ва ҷаҳонбинии васеъ дошта, сиёсати давлату ҳукуматро ба   хубӣ дарк намоянд. Ин кадрҳо, пеш аз ҳама,  бояд ватандўсту инсонпарвари асил бошанд, арзишҳои маънавии миллӣ  ва умумибашариро донанд ва аз вазифаю касби  хеш ифтихор намоянд.

«Масъалаи тайёр кардани кадрҳои ихтисосманди соҳа ва бартараф кардани норасоии кормандони соҳаи фарҳангу санъат, осорхонаю китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангӣ зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати фарҳанг қарор дорад. Дар ин самт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи «Устод ва шогирд» қабул гардидааст. Баҳри  такомули касбияти мутахассисони соҳаи фарҳанг  дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов курсҳои такмили ихтисос  ташкил гардидаанд»,- гуфт М.Давлатзода.

Мавриди зикр аст, ки  айни замон  барои тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ – Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн таъсис дода, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода пурра аз таъмири асосӣ бароварда, оркестри мукаммали симфонӣ иборат аз 120 нафар ташкил карда шудааст. Дар баробари ин, дар хориҷи мамлакат садҳо нафар мутахассисони соҳаи фарҳанг тарбия ёфта, иддае аз онҳо аллакай дар театрҳои касбӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият доранд.

Тибқи иттилои  Музаффар Давлатзода, соли 2018 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро 439 нафар донишҷӯ хатм намуданд, ки аз ин шумора ба 170 нафар барои фаъолияти минбаъда дар муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ роҳхат дода шуд. Аз ҷумла, ба соҳаи театр 33 ва ба осорхонаҳо 17 нафар мутахассиси ҷавон  ба кор фиристода шуд. Ҳамзамон факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносиро 74 ва шуъбаи менеҷменти соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳангиро 23 нафар кормандони соҳа ғоибона хатм намуда, сафи кормандони дорои таҳсилоти олии касбиро афзуданд. Нафарони боқимонда аз рӯи ихтисос ба ҷойҳои корӣ роҳхат гирифтанд.

«Соли 2019 ДДФСТ ба номи М. Турсунзодаро тариқи рӯзона 399 ва ғоибона 166 нафар хатм намуданд. Ин нишон медиҳад, ки ҳамасола теъдоди мутахассисон меафзояд.

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро  соли 2018  131 нафар хатм намуда, 66 нафар дар соҳаи фарҳанг, маориф ва иқтисодиёт ба кор сафарбар шуданд. Соли 2019  муассисаро 229 нафар хатм намуданд.

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторовро соли 2018  55 нафар хатм намуда, барои соҳаи опера 9 нафар, оркестри симфонӣ 3 нафар, Филармонияи давлатӣ 9 нафар, Кумитаи телевизион ва радио 5 нафар, муассисаҳои таълимӣ 5 нафар мутахассис омода гардиданд. Соли 2019 ин муассисаро 67 нафар хатм кард.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро соли 2018  593 нафар хатм намуда, 149 нафар ба шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо роҳхат гирифта, 110 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. 310 нафар шуъбаҳои ғоибонаро хатм намуда, сафи кадрҳои дорои таҳсилоти миёнаи касбиро зиёд намуданд. Соли 2019 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро 635 нафар, аз ҷумла 303 нафар ғоибона хатм карданд»,-афзуд номбурда.

Татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» самтҳои афзалиятнок, вазифа ва механизмҳои амалишавии сиёсати давлатиро дар омода намудани кадрҳои соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр муайян намуда, ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон шароити зарурӣ фароҳам меорад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»