Баҳрабардории кормандони Вазорати нақлиёт аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ

Декабрь 26, 2019 15:35

ДУШАНБЕ, 26.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 декабр Паёми навбатии Асгосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар толори «Кохи Сомон» ироа гардида, мустақиман тариқи телевизион дар тамоми  шабакаҳои Тоҷикистон намоиш дода шуд ва кормандони ҳамаи идораву вазоратҳо онро тамошо карданд.

Дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамаи кормандон аз суханронии маслиҳатомез ва судманди  Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ тариқи телевизион баҳраманд гардиданд.

Дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати  дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори  сиёсати хориҷӣ  ва таъмини  пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика  роҳу нақлиёт, тандурустӣ, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  ҳарф зада, дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Бояд зикр кард, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бунёди инфрасохтори нақлиётро барои ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба гуфти Пешвои миллат, имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб — Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук — Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афгонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд.

Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе — Бохтар, Ҳуҷанд — Исфара, Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин, Шкев — Қалъаихумб, Кӯлоб — Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, роҳҳои зикршуда то ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Вазорати нақлиёт вазифадор карда мешавад, ки якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати дарёфти маблағҳои сармоягузорӣ барои бунёди долонҳои зидди тарма дар қитъаҳои осебпазири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ ва беҳтарсозии имкониятҳои нақби “Истиқлол” тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳамчунин Вазорати нақлиёт корҳоро дар самти таҳияи лоиҳаҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди Хуҷанд — Конибодом, Бохтар — Данғара — Кӯлоб, Бохтар — Носири Хусрав ва роҳҳои дигар ҷоннок намояд.

Бояд гуфт, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.

Чунин корҳо, ки гувоҳи фаъолнокии баланди мардуми мамлакат ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, ҳоло бомаром идома доранд.

 

Декабрь 26, 2019 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид
Ҳаракати навбатии пиряхи Деҳдал мушоҳида гардид
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 31-солагии Конститутсия конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Музаффар Ашуриён: «Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз ва муайянкунандаи сарнавишти халқу миллати мо мебошад»
Дар пойтахт Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» идома дорад
Доир ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор гардид