Бонки миллӣ: давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тамдид мешавад
ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 11 декабр Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муваззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ то соати 19:00 тамдид намоянд. Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Иқдоми мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷон, сари вақт гирифтани маблағҳои интиқолӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ роҳандозӣ шуда, шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд.
Ёдовар мешавем, ки низомҳои пардохтии «Юнистрим» ва «Контакт» ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд. Аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассути ин низомҳо бе мамониат интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд.








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






