БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ИНШООТҲО ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зиракӣ шаҳраки нави замонавӣ барои 5 ҳазор нафар истиқоматкунанда бунёд мегардад

Декабрь 18, 2019 14:24

ДУШАНБЕ, 18.12.2019/АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 17 декабр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода ва гурӯҳи корӣ ба шаҳри Кӯлоб рафтанд. Дар даромадгоҳи Кӯлоб меҳмононро раиси шаҳр ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб пешвоз гирифтанд. Хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳонаш аз корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ, воқеъ дар маҳ аллаи Боқӣ Раҳ имзода дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии дуқабата дорои 14 синфхона буда, пас аз мавриди баҳ рабардорӣ қарор гирифтан 240 хонанда дар як баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бино аз тарафи ҶДДМ «Тарроҳ » дар масоҳати 0,70 гектар замин бунёд мегардад.

Сарвазири мамлакат инчунин бо рафти корҳои сохтмонии бинои муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳ ри Кӯлоб»  шинос шуданд. Маълумот дода шуд, ки бинои мазкур аз 5 ошёна иборат буда, 43 ҳуҷра хоҳад дошт, ки аз ин шумора 28 синфхона, 2 китобхона, 2 озмоишгоҳ, толори маҷлисгоҳ, 2 анбор ва дигар ҳуҷраҳои марказонидашуда бо харҷи 8,7 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар оянда дар бинои навсохт 500 донишҷӯ дар ду баст таҳсил карда метавонанд.

Қоҳир Расулзода ва ҳайати ҳамроҳонаш дар шаҳри Кӯлоб дар доираи сафари корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои 9-ошёнаи хобгоҳи муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳ ри Кӯлоб» барои 700 ҷой, ки  аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бунёд  мешавад,  инчунин аз рафти корҳои сохтмонии маркази хизматрасонии 5-ошёна дар хиёбони И. Сомонӣ, сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхона, марказҳои фарҳангию фароғатӣ, маркази хизматрасонӣ дар маҳаллаи «Дӯстӣ» бо таъсиси 30 ҷойи корӣ,  дар хиёбони И. Сомонӣ   аз рафти корҳои сохтмонии бинои баландошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхона, маркази савдо ва хизматрасонии 5-ошёна, ки дорои зиёда аз 50 ҷои корӣ  хоҳад буд, дидан карданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин марказ фаъолиятҳои хизматрасонии бонкӣ, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва таҷҳизотҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад.

Қоҳир Расулзода   дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб, ки навтаъсис аст, бо лоиҳаи сохтмони шаҳраки навбунёд барои 5 ҳазор истиқоматкунанда шинос гардид. Тибқи лоиҳа дар ин шаҳрак бунёди 292 хонаи истиқоматии якошёна, 42 хонаи истиқоматии дуошёна, биноҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои хизматрасонии маишӣ, бинои Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, қасри фарҳанг, муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдо, гулгашт барои фароғати мардуми маҳалла дар масоҳати 3,9 гектар пешбинӣ шудааст. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, тибқи маълумоти раиси ҷамоат, 4,5 ҳазор нафар эҳтиёҷмандони хонаҳои истиқоматӣ  ба қайд гирифта шудаанд. Бо сохтмони ин шаҳрак масъалаи норасоии манзил ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Сарвазири мамлакат ба идораҳо ва шахсони масъул супориш дод, ки манзилҳои истиқоматӣ бояд тибқи талаботи шаҳрсозии муосир бунёд гардида, ба эҳтиёҷмандон  дар асоси хулосаи комиссияи дахлдор ва бо   нархҳои дастрас пешкаш  карда шаванд.

Декабрь 18, 2019 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд