Чор номинатсияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» пурра ҷамъбаст гардид

Декабрь 13, 2019 15:03

ДУШАНБЕ, 13.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 декабр дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия пурра ҷамъбаст гардид.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем,   11 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия бо иштироки 127 нафар ғолиб аз тамоми минтақаҳои мамлакат ба кори худ оғоз намуд, ки то 14 декабр идома меёбад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  узви ҳакамон дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори классикӣ» Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло иброз дошт,  «ин дар озмун яке аз номинатсияҳое мебошад, ки шумораи иштирокчиёнаш 40 нафарро ташкил медод. Шарти асосӣ дар ин номинатсия донистани 100 ғазал, 120 дубайтӣ, 2 қасида ва 2 достон мебошад.

Донистани 100 ғазал кори хеле мушкил аст, аммо дар озмун чанд нафаре пайдо гардид, ки аз уҳдаи он пурра баромад. Ташрифи бештари ҷавонон ва наврасон аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат бе сабаб набудааст. Онҳо имрӯз исбот намуданд, ки миллати тоҷик аз азал китобдӯсту китобхон буд. Ҳамин анъанаи аҷдодиро имрӯз онҳо идома дода истодаанд».

Иштирокчӣ аз номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори классикӣ»- хонандаи синфи 7 аз ноҳияи Ҳамадонӣ Бузургмеҳр Шарипов иброз дошт, ки «аъзои ҳакамон муносибати меҳрубонона доранд. Онҳо бештар саволҳои мантиқӣ пешниҳод менамоянд. Ман барои даври чорум 100 китоб мутолиа намудам ва ҳамчунин зиёда аз 60 мисраъ шеър аз достону ғазалҳо аз ёд намудам. Аз натиҷаи ҷавобҳоям боварӣ дорам, ки сазовори мақоме  мегардам».

Ба гуфти масъулини озмун, аз натиҷаи чор номинатсия шаш нафар барои дарёфти Шоҳҷоизаи озмун пешниҳод гардидаанд ва он то 14 декабр ҷамъбаст мегардад.

Яке аз иштирокчиёни Шоҳҷоиза хонандаи синфи 10 Муассисаи таълимии литсейи «Раҳнамо» Бунёди Раҳнамо дар суҳбат иброз дошт, ки «ман дар даври шаҳрӣ  соҳиби Шоҳҷоиза гардидам. Имрӯз аз рӯйи чор номинатсия иштирок мекунам, аллакай аз рӯи ду номинатсия ҳунарнамоӣ намудам. Талаботи доварон дар ин давр хеле ҷиддӣ гардидааст. Ман кӯшиш мекунам, ки дар ду даври дигар низ пирӯз гардам».

Дар Низомномаи озмун ҷоизаҳои зерин барои ғолибон муқаррар шудаанд:

 

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ;

Ҷойи дуюм — 25000  сомонӣ ;

Ҷойи сеюм — 20000 сомонӣ ба;

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ;

Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ;

Ҷойи сеюм -15000;

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик»:

Ҷойи якум -25000 сомонӣ;

Ҷойи дуюм — 17000 сомонӣ;

Ҷойи сеюм — 13000 сомонӣ;

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ;
Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ;
Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ;

Шоҳҷоизаи озмун–50000 сомонӣ

Шоҳҷоиза ба довталабе дода мешавад, ки аз натиҷаи чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.

Ҳамчунин довталабоне, ки аз ҳар як номинатсия осор мутолиа мекунанд ва ашъореро аз бар менамоянд, ҳакамон метавонанд иловатан ба ҳунару истеъдоди онҳо холгузорӣ намоянд. Он бояд ҳатман дар суратҷаласа (миқдор ва теъдоди онҳо) қайд гардад ва имзои раис ва аъзои ҳакамон дар он гузошта шавад.

Барои довталаб маҳдудият мондан шарт нест. Ҳакамон дар мувофиқа бо комиссияи озмун метавонанд барои иваз кардани бандҳои алоҳидаи номинатсия пешниҳод манзур намоянд. Комиссия пешниҳодҳои  ҳайати ҳакамонро баррасӣ карда, дар асоси овоздиҳии кушода онҳоро дастгирӣ ва ё рад менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки маблағи умумӣ барои мукофот 310 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Тамоми иштирокчиёни даври ниҳоӣ бо дипломи иштирокчии озмун сарфароз гардонида мешаванд.

Декабрь 13, 2019 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд