Дар барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» мушкилоти саноати истеҳсоли пахта ва коркарди маҳсулоти ниҳоӣ аз он баррасӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта бармеояд, ки таъмини соҳаҳои аграрӣ бо таҷҳизоти нави истеҳсолӣ ба рушди онҳо ва коҳиши сатҳи бекорӣ мусоидат менамояд.
Ба андешаи таҳлилгарони масъалаҳои иқтисодӣ, дар шароити ҳозираи пешрафти соҳаи кишоварзии ҷаҳон барои хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ зарурати истифодаи технологияҳои нав ва аз мошину таҷҳизоти кӯҳна даст кашидан пеш омадааст. Вазъи кунунии техникаю мошинолоти кишоварзӣ имкон намедиҳад, ки маҳсулоти рақобатпазир ва барои истеҳсоли такрорӣ мувофиқ тавлид ёбад. Таҳлилҳо собит намудаанд, ки сол то сол ҳосилнокии пахта кам гардида, заҳмати кишоварзон натиҷаи дилхоҳ ба даст намеорад. Дар баробари беҳтар намудани истеҳсолу техникаи парвариши пахта ва ҳосили дилхоҳ гирифтан масъалаи коркарди ашёи ниҳоии пахта дар дохили мамлакат яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда дар ин самт ҳанӯз ҳам коркарди пурраи нахи пахта ва аз он истеҳсол кардани маҳсулоти ниҳоӣ то ба ҳол дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Аз ин рӯ, қисми зиёди нахи пахтаи истеҳсолшаванда аз мамлакат дар шакли ашёи хоми саноатӣ берун бурда мешавад, ки ин ба манфиати иқтисодии мо нест.
Шарҳи пурраи ин мавзӯъро барномаи таҳлилии «Набзи иқтисод» дар пешниҳоди коршиносону мутахассисони соҳаи саноату кишоварзӣ пайгирӣ намудааст, ки 13 декабр, соати 17:30 ва такроран 21:30 дар таҳияи муаллиф ва муҳаррири барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор аз Радиои «Ховар» пахш мешавад.