Дар барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» мушкилоти саноати истеҳсоли пахта ва коркарди маҳсулоти ниҳоӣ аз он баррасӣ мешаванд

Декабрь 13, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта бармеояд, ки таъмини  соҳаҳои аграрӣ бо таҷҳизоти нави истеҳсолӣ ба рушди онҳо ва коҳиши сатҳи бекорӣ мусоидат менамояд.

Ба андешаи таҳлилгарони масъалаҳои иқтисодӣ, дар шароити ҳозираи пешрафти соҳаи кишоварзии ҷаҳон барои хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ зарурати истифодаи технологияҳои нав ва аз  мошину таҷҳизоти кӯҳна даст кашидан пеш омадааст. Вазъи кунунии техникаю мошинолоти кишоварзӣ имкон намедиҳад, ки маҳсулоти рақобатпазир ва барои истеҳсоли такрорӣ мувофиқ  тавлид ёбад.  Таҳлилҳо собит намудаанд, ки сол то сол  ҳосилнокии пахта кам гардида, заҳмати кишоварзон натиҷаи дилхоҳ ба даст намеорад. Дар баробари беҳтар намудани истеҳсолу техникаи парвариши пахта ва ҳосили дилхоҳ гирифтан масъалаи коркарди ашёи ниҳоии пахта дар дохили мамлакат яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.  Бо  вуҷуди тадбирҳои  андешидашуда дар  ин самт ҳанӯз ҳам  коркарди пурраи нахи пахта ва аз он истеҳсол кардани маҳсулоти ниҳоӣ то ба ҳол дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Аз ин рӯ, қисми зиёди нахи пахтаи истеҳсолшаванда аз мамлакат  дар шакли ашёи хоми саноатӣ берун бурда мешавад, ки ин ба манфиати иқтисодии мо нест.

Шарҳи пурраи ин мавзӯъро  барномаи таҳлилии «Набзи иқтисод» дар пешниҳоди коршиносону мутахассисони соҳаи саноату кишоварзӣ пайгирӣ намудааст, ки  13  декабр, соати 17:30 ва такроран  21:30 дар таҳияи муаллиф ва муҳаррири барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор аз Радиои «Ховар» пахш  мешавад.

Декабрь 13, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад