Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон китобхонаи замонавӣ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 21.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маросими ифтитоҳи китобхонаи нав доир гардид.
Тавре аз донишкадаи мазкур ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, дар доираи татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат дар самти маориф ва ҷавонон дар ин боргоҳи илму маърифат боз як китобхонаи муосир дари худро ба рӯи муҳассилин боз намуд.
Ректори донишкадаи мазкур Маҳмадулло Раҷабзода омӯзгорону донишҷӯёни факултаро ба муносибати ифтитоҳи китобхонаи замонавӣ табрик намуда, иброз дошт, ки « боиси сарфарозии мост, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд».
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат ба бунёди китобхонаҳо ва ҷалби наврасону ҷавонон, хусусан, донишҷўён ба китобхонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба хотири соҳибмаълумот намудан ва такмили дониши аҳли ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд андешида, дар ин самт иқдомҳои натиҷабахш роҳандозӣ мегарданд. Таъсис ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …», ки бо Фармони Президенти мамлакат муддати як сол идома дошт ва ҳамагӣ чанд рӯз қабл анҷом пизируфт, бори дигар собит намуд, ки миллати тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои муаззами худ чун ниёгони хирадоини хеш ба китобу китобхона пайванди ногусастанӣ дорад.
Декани факултети филологияи тоҷик Бахтиёр Абдураҳимов афзуд, ки азбаски бинои факултетҳои филологияи тоҷик ва забонҳои Аврупо аз бинои асосии донишкада дуртар ҷойгир шудааст, дар ҳақиқат, ниёз ва зарурати ҷиддӣ ба китобхона дошт. Аз ин рӯ, Раёсати донишкада бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва тавсеаи ҷаҳонбинии омӯзгорону донишҷӯён ташаббуси факултети филологияи тоҷикро доир ба ташкили китобхона бо хушнудӣ ва майли комил пазируфта, ҳамзамон барои таъсиси он шароити мусоид фароҳам овард. «Пӯшида нест, ки китобҳои дар китобхона вуҷуддошта бо саҳмгузории омӯзгорон ва донишҷӯёни худи факултет ҷамъоварӣ шудаанд. Барои мо боиси фараҳмандист, ки саҳми бештар ва назаррасро дар ғанигардонии хазинаи китобхона донишҷӯён гузоштаанд. Ин маънои онро дорад, ки худи ҷавонон ба китобу китобхонӣ рағбати зиёд доранд ва мекӯшанд, ки китобхонаи факултет дорои китобҳои гуногунсоҳа бошад»,-илова кард Бахтиёр Абдураҳимов.








ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
Дар Хатлон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
Дар шаҳри Гулистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Борбад яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: ««Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва андешаҳои ватандӯстиву истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад»






