Дар Душанбе анҷумани VII Ҳизби аграрии Тоҷикистон доир гардид

Декабрь 20, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 20.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон /ҲАТ/, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода анҷумани VII ҳизби мазкур баргузор гардид. Дар анҷуман раис ва раёсати нави ҳизб интихоб карда шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ медиҳад, ки тасдиқи қарорҳои Шӯрои марказии ҲАТ дар бораи ҳайати Шӯрои марказӣ, котиботи Ҳизб, қабули Барномаи пешазинтихоботии ҲАТ, сармуҳаррир ва ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Меҳргон», инчунин пешниҳоди номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва умумиҷумҳуриявӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳое буданд, ки дар Анҷуман баррасӣ шуданд.

Тибқи рӯзномаи Анҷуман раиси ҲАТ Рустам Латифзода оид ба фаъолияти панҷсолаи ҲАТ ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки  ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲАТ ҳамчун ҳизби ҳомии деҳқону деҳотиён ҳамаи онҳоеро, ки дар рушди деҳот ва кишоварзии мамлакат, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва кори деҳотиён бетафовут нестанд, муттаҳид намуда, ба майдони сиёсат ворид шуд.  Ва ба ин минвол ҲАТ худро муаззаф донист,  ки дар ҳаёти сиёсӣ ва рушду нумӯи мамлакат саҳми муносиби худро гузорад.

Давоми солҳои 2015 — 2019 беш аз 1,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун аъзои ҲАТ пазируфта шуданд. Ҳоло аъзои ҲАТ аз 50 ҳазор боло рафта, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшҳои он деҳқонони олиҳиммат, кормандони муассисаву ташкилотҳои комплекси агросаноатӣ, зиёиён,  олимон ва нафаронеро,  ки ба ояндаи соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқавории мамлакат бетафовут нестанд, муттаҳид месозанд.

Дар Анҷуман инчунин раисони Кумитаи иҷроияи ҲАТ дар вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, Турсунзода ва Рашт сухан карданд.

Дар Анҷуман бо овоздиҳии якдилонаи вакилони ҳизбӣ Рустам Латифзода аз нав раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб гардид.

Вакилони ҳизбӣ рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, даъвати шашумро низ тасдиқ намуданд.

Тавре Рустам Латифзода иброз намуд, интихоботи дарпешистода барои ҳизбҳои сиёсӣ воқеан ҳам имтиҳони ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, масъулияти бузурги ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо мекунад. Ба ақидаи Рустам Латифзода, ҳар як ҳизби сиёсӣ ва ҳар як сокини кишвар дар қатори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бояд барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани  ин маъракаи муҳими сиёсӣ масъуляти шаҳрвандӣ ҳис кунад.

«Мақсади асосии иштироки ҲАТ дар интихобот, албатта, соҳиб шудан ба курсиҳои бештар дар мақомоти намояндагӣ ва ба ин васила, саҳми сазовор гузоштан дар рушди ҷомеа, таҳким ва тақвияти қонунгузории миллӣ мебошад», — гуфт Рустам Латифзода.

Мавриди зикр аст, ки ҲАТ дар интихоботи соли 2015 ба 5 курсӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардида, Фраксияи худро таъсис дод. Дар давраи фаъолияти худ аъзои Фраксия дар якҷоягӣ бо аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон 21 лоиҳаи қонун, аз ҷумла 8 қонуни мукаммали соҳавиро таҳия намуд.

Декабрь 20, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»