Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 21.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, Раиси Палалатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, Сафири Ҷумҳурии Ислдомии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, намояндагони сафоратхонаҳо ва Минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат иштирок намуданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода иброз намуд, ки дар ин намоишгоҳ зиёда аз 60 ширкатҳои фаъоли иқтисодии Эрон дар бахшҳои истеҳсолӣ, саноати хӯрока, беҳдошту дармон, мошинолоти кишоварзӣ, сохтмон, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, қолин, таҷҳизоти манзил, сайёҳӣ ва ғайра маҳсулот пешниҳод менамоянд. Мақсади асосии ташкил намудани ин намоишгоҳ рушди тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон мебошад.
“Итминон дорем, ки ин намоишгоҳ натиҷаи мусбӣ ба бор оварда, барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва саноат миёни ду давлат мусоидат менамояд”, — зикр кард номбурда.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода иброз дошт, ки тӯли чанд соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суръати баланди рушди иқтисодӣ ноил гардида, тавонист тамоюли бемайлони савдои хориҷӣ ва ҳамгироии ҷумҳуриро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ вусъат бахшад. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ривоҷи ҳамгироии иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷ, аз ҷумла бо Эрон кӯшиш ба харҷ дода, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи шарикони боэътимод дар самти густариши ҳамкории иқтисодӣ ва энергетикӣ ба ҳисоб мераванд.
Тавре Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ изҳор намуд, намоишгоҳи имрӯза барои густариши равобит ва ҳамкории дуҷониба фурсати муносиб фароҳам меорад.
«Ҳамкорӣ дар соҳаи туризм, гардишгарӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, фарҳанг, сармоягузории муштараки кишоварзӣ, робитаи донишгоҳҳои илмӣ аз мақсадҳои наҷибу минбаъдаи ҷонибҳост, ки итминон дорам дар кутоҳтарини замон ба онҳо ҷомаи амал пӯшонем»,- афзуд сафир.
Ҳамчунин баргузории намоишгоҳи мазкур барои тоҷирону сармоягузорони ширкатҳои Эрон ва Тоҷикистон фурсати муносиб барои гуфтугӯ ҷиҳати баррасии ҳамкории тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, соҳибкорӣ ва маблағгузории муштарак фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки дар доираи ин намоишгоҳ 23 декабр дар «Кохи Борбад» баргузории Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки охирин намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар пойтахти Тоҷикистон моҳи майи соли 2017 баргузор шуда буд, ки дар он беш аз 20 ширкати эронӣ иштирок намуда буданд.
Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 24 декабр идома меёбад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»















35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






