Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар Душанбе пиёдагард ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр, тахминан соати 18:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини ноҳияи Рӯдакӣ Фармон Абдиеви 30-сола ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи А.Деҳотӣ ба самти кӯчаи С.Шерозӣ, дар ҳудуди кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон — сокинони кӯчаи Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсӣ — Мақсуда Сангова ва Маҳина Худойназароваро, ки ҳар ду 19 сол доштанд, пахш намудааст.
Дар натиҷа М.Сангова ва М. Худойназарова ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мутаассифона, пиёдагард М.Сангова аз сабаби ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамон рӯз, 11 декабр, тахминан соати 06:30, ронандаи мошини тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Кучкак-Исфара-Гулистон», воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Шаҳраки ноҳияи Исфара бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон, сокини Ҷамоати деҳоти Чилгазии ҳамин ноҳия Назиров Ёсин Ваҳҳобовичи 54-соларо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа Ё.Назиров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи мошини тамғаи «Тайота-Ландкрузер», сокини Ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи мазкур, Носир Рӯзиматови 35-сола, бо гумони пахш намудани дучархарон дастгир карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурӣ масъалаи дар натиҷаи садамаҳои нохуши нақлиётӣ маҷрӯҳ ва ҳалок гардидани шаҳрвандон нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Тибқи иттилои масъулини соҳа, аз аввали сол то моҳи ноябр дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 107 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 317 нафар ба ҳалокат расида, 1100 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳарчанд ин нишондиҳанда мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст, аммо ин масъала ҳанӯз ҳам ташвишовар аст.
Соли гузашта 181 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он 329 нафар ҳалок шуда, 1134 каси дигар маҷрӯҳ гардида буданд.
Дар ин зимн, БДА аз тамоми сокинон ва меҳмонони мамлакат даъват ба амал меоварад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои ҳаракат дар онро риоя намоянд, роҳҳои мошингардро аз ҷойҳои муқарраршуда, гузарҳои зеризаминию рӯизаминӣ гузашта, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






