ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. КВДҶ «Тоҷикагролизинг» барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ 1014 адад техникаи кишоварзӣ ворид намуд

Декабрь 28, 2019 08:57

ДУШАНБЕ, 28.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо деҳқонон ба  ҷамъоварӣ кардани ҳосили боқимондаи пахта машғуланд.  

Бояд зикр намуд, ки ҷамъоварии пахта яке аз машғулиятҳои сангин ба шумор меравад. Дар замонҳои гузашта пахта бо даст чида мешуд, вале ихтирои воситаҳои техникӣ барои ҷамъоварии он дастёбӣ ба мавқеияти воқеӣ дар ин замина гардид. Бо мақсади сари вақт ҷамъоварӣ намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва кам кардани мушкилоти кори деҳқонон дар ҷумҳурӣ 27 816 трактори гуногунтамға мавҷуд буда, 2029 адади он омодаи корҳои саҳроӣ мебошанд. Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ дар саҳро соли равон ба ҷумҳурӣ 1014 адад техникаю мошинолоти кишоварзӣ ворид карда шуд, ки дар ин кор саҳми Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» назаррас аст. Дар робита ба фаъолияти яксолаи КВДҶ «Тоҷикагролизинг» хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо директори корхона Юсуф АКРАМЗОДА суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ мебошад. Бо ин мақсад корхона вазифадор гардидааст, ки дар заминаи механиконидани соҳаи кишоварзӣ фаъолиятро ҷоннок намуда, марҳила ба марҳила роҳҳои ҳалли масъалаи мазкурро ҷустуҷӯ намояд. Фаъолияити КВД «Тоҷикагролизинг» дар  соли 2019 ҷиҳати дастрас намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, гузаронидани амалиёти иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ва хизматрасонии техникӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чӣ гуна ба роҳ монда шуд?

Юсуф Акрамзода: КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ҷиҳати таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат, таъсису мукаммал намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ, дастрас намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, гузаронидани амалиёти иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ва хизматрасонии техникӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, таҳияи лоиҳаҳо оид ба дарёфт намудани қарзҳои имтиёзнок аз ташкилоту бонкҳои сармоягузор корҳои назаррасе анҷом дода истодааст.

Ба корхона дар дар ин муддат аз ҳисоби гузаронидани амалиёти иҷораи молиявӣ (лизингӣ), подоштҳои лизингӣ, марказҳои хизматрасонии техникӣ, дар маҷмӯъ 36 034 960 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 466 010 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳамин давра барои 196 хоҷагии деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шахсони инфиродӣ ба тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 122 адад трактори гуногунтамға ва 270 адад мошинолоти кишоварзӣ харид гардидааст.

Дар ёздаҳмоҳаи соли 2019 корхона аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ 130 адад техникаи гуногунтамға ва 469 адад таҷҳизоти кишоварзӣ харид намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷудо намудааст. Аз ҷумла, дар ҳамин давра танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 53 адад трактори МТЗ 82.1, МТЗ 80Х ва 115 адад мошинолоти гуногунтамғаи кишоварзӣ харид намудааст.

Мавриди зикр аст, ки баъди ба истеҳсолот оғоз намудани корхонаи истеҳсоли трактори ҶСШП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ҳамкориро бо он ба роҳ монда, имконият пайдо намуд, ки техникаю таҷҳизоти заруриро аз корхонаи ватанӣ харид намуда, пешкаши хоҷагиҳои деҳқонӣ гардонад.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар чанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият менамоянд ва ҷиҳати таъсису мукаммал намудани онҳо чӣ гуна тадбирҳо андешида мешаванд?

Юсуф Акрамзода: Дар айни ҳол дар 59  шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият менамоянд, ки  ба онҳо 196 адад техникаи гуногунтамға ва 919 адад таҷҳизот вобаста карда шудаанд.

Дар ёздаҳ моҳи соли равон корхона ҷиҳати рушди марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, таъмин намудани онҳо бо офисҳои корӣ аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намуда, сохтмони биноҳои идории марказҳо оғоз гардиданд.

Аз ҷумла, барои сохтмони офисҳои корӣ ва устохонаҳои таъмирии КФ «Бадахшонагролизинг», марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Темурмалик ва шаҳри Истаравшан маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шуда, сохтмон босуръат идома дорад. Ҳамчунин устохонаҳои таъмирӣ дар ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Лахш, Тоҷикобод, Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Рашт, Дӯстӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда, техника ва таҷҳизоти кишоварзиро таъмир менамоянд. Ин имконият медиҳад, ки механизаторон минбаъд барои таъмири техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ наомада, дар ноҳия ва ё шаҳри худ онҳоро таъмир намоянд.

Корхона тасмим дорад, ки бо фароҳам омадани имкониятҳои молиявӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони офисҳои корӣ ва пойгоҳҳои таъмирию сервисиро марҳила ба марҳила ба сомон расонад.

АМИТ «Ховар»: Хоҷагиҳои деҳқонӣ ба кадом намуди техника ва мошинолот ниёз доранд? Дар ин давра ба корхона чӣ қадар дархост аз хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ барои ба даст овардани техника ва мошинолот ворид гардидааст?

Юсуф Акрамзода: Корхона дар ин давра дархосту талаботи зиёда аз 220 хоҷагии деҳқонии ҷумҳуриро барои ба даст овардани техника ва мошинолот омӯхтааст, ки то имрӯз ин хоҷагиҳо ба 210 адад трактори муосири гуногунтамға, 210 адад испор, 60 адад мошинолоти соҳаи картошка, 50 адад тойбанд ва 60 адад алафдаравак ниёз доранд.

КВДҶ «Тоҷикагролизинг» бобати амалӣ намудани дархостҳои хоҷагиҳои зикргардида оид ба таъмин намудани онҳо бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ тамоми тадбирҳоро меандешад. То имрӯз бо як қатор корхонаву ташкилотҳои хориҷӣ ҷиҳати дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо мулоқотҳо доир гардиданд.

Ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва зиёд намудани воридоти техника ва тачҳизоти соҳаи кишоварзӣ роҳбарияти корхона бо намояндагони босалоҳияти ОАО «Росэксимбанк», «Композитгрупп»-и Федератсияи Россия, Фонди Арабистони Саудӣ, Бонки рушди исломии Кувайт ва Ширкати олмонии «Агролис» мулоқот анҷом дода, оид ба дастрас намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ лоиҳа пешниҳод намуд, ки дар ҳоли омӯзиш қарор доранд.

Инчунин лоиҳаи пешниҳоднамудаи корхона оид ба ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) бобати дастгирии хоҷагиҳои дехқонӣ ва мукаммалу муҷаҳҳаз намудани марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи Агентӣ пазируфта шуда, имрӯзҳо намояндагони онҳо ҷиҳати анҷом додани корҳои омӯзишӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо сафар намуда, талаботи хоҷагиҳо ва марказҳои хизматрасонии техникиро ба техникаю тачҳизоти зарурӣ омӯхта истодаанд.

АМИТ «Ховар»:  КВДҶ « Тоҷикагролизинг» бо мақсади дастгирии корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти гуногуни таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ бо кадом корхонаҳои ватанӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст?

Юсуф Акрамзода: Корхона дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми имсолаашон оид ба дастгирии корхонаҳои ватанӣ иброз дошта буданд, бо мақсади дастгирии корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ, солимгардонии вазъи истеҳсолот, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти гуногуни техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ бо корхонаҳои истеҳсолии таҷҳизоти кишоварзӣ ҳамкории зич намуда истодааст.

Корхона ҷиҳати ташкил ва мукаммал намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо истифода аз маблағҳои гардишӣ бо КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», КВД «Авторем», ҶСК  «Сомон-Кӯлоб таҷҳизот» ва ҶСШП «Новселмаш» оид ба харидории таҷҳизоти ватанӣ, аз қабили картошкашинонак, картошкаканак, испорҳо, чизел култиватор, чапар, решаканак, лемех ва гандумкӯбак шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Аз ҷумла, барои харидории таҷҳизоти кишоварзӣ бо ҶСК «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот», КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», ҶСШП «Новселмаш» ва бо ҶСШП «Агротехсервис» барои харидории техникаю мошинолоти кишоварзӣ шартнома баста, мошинолоти зикргардидаро тибқи талабот дастрас намуда истодааст.

АМИТ «Ховар»: Соли 2021 мо ҷашни бузурги 30–солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем. Барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ «Тоҷикагролизинг» дар корҳои ободониву созандагӣ чӣ гуна саҳм мегузорад?

Юсуф Акрамзода: Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ корхона кӯшиш дорад, ки дар бунёди иншооти таъйиноташон гуногун саҳм гузорад. Корхона соли 2019 боз як варзишгоҳ-майдончаи бозии кӯдакона ва истироҳати пиронсолонро дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди истифодаи сокинон қарор дод. Ин сеюмин варзишгоҳ аст, ки корхона давоми  ду соли охир мавриди истифодаи сокинони пойтахт қарор медиҳад.

Инчунин бо мақсади таъмин намудани банди 11-и «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ҷиҳати оммавӣ гардонидани «Иди каду», «Иди харбузаю тарбуз», «Иди ангур», «Иди себ», «Иди шолӣ» ва дигар идҳои пешбинигардида дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, васеъ тарғиб намудани он барои зиёд кардани майдони кишти онҳо, баҳамоӣ ва паҳн намудани донишҳои кишоварзӣ байни хоҷагидорон ва деҳқонони ҷумҳурӣ оид ба парваришу истеҳсоли полезиҳо, зироат ва меваҷоти мазкур дар идҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, барои саҳми фаъол ва ташкили чорабиниҳо ба гирифтани мақомҳои намоёну ҷоизаву сипосномаҳои Вазорати кишоварзӣ сазовор гардидааст.

Зимни сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ корхона муваззаф гардид, ки марказҳои хизматрасонии техникиро бо муосиртарин техникаю мошинолоти кишоварзӣ мукаммалу муҷаҳҳаз гардонад. Ба ин восита шароит фароҳам омад, ки кори дастӣ аз байн бардошта шуда, иҷрои корҳои кишоварзӣ ба таври механикӣ анҷом дода шавад.

Инчунин дар маъракаи шудгор ва кишти тирамоҳӣ дар мавзеи Олимтойи ноҳияи Данғара ситоди доимӣ таъсис дода, беш аз 40 адад трактори пурқудрати шудгоркунандаи тасмачарху чархдор, тухмипошакҳои бисёр соҳаи муосири истеҳсоли давлати Германия ва Федератсияи Россияро аз марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сафарбар намуда, шудгору кишти тирамоҳиро дар вақташ пурра ба анҷом расонид.

Дар бунёди боғу токзори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо истифода аз техникаю мошинолот дар нарм кардани байни қатори дарахтон, тоза намудани навдаҳои онҳо саҳми фаъол гирифт.

Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат оид ба бунёди боғу токзори содиротӣ имрӯзҳо амалан татбиқ гардида, бо ин мақсад КВДҶ «Тоҷикагролизинг» барои бунёди боғи ангур дар Ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Хуросон дар масоҳати 150 гектар саҳми фаъол гирифта, барои коркарди замин тракторҳои пурқудрати шудгоркунанда сафарбар намуд. Дар муддати кӯтоҳ замин пурра шудгор карда шуда, ба воситаи пармакунакҳои тракторӣ чуқуричаҳо канда шуда, зиёда аз 11 намуд ангурҳои беҳтарин, аз қабили шоҳона, ғалаба, кординал, кишмиши сафеду сиёҳ, ҳусайнӣ ва ғайраҳо тибқи қоидаҳои агротехникӣ пурра шинонда шуданд.

КВДҶ «Тоҷикагролизинг» минбаъд низ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, фаровон намудани маҳсулоти кишоварзӣ  дар бозор аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷетию хоҷагидорӣ сари вақт ба ҷумҳурӣ техника ва таҷҳизоти ҳозиразамон ворид намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қарор медиҳад.

Декабрь 28, 2019 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Малайзия масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хатлон 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид
Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд