Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад

Декабрь 10, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 10.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия бо иштироки 127 нафар ғолиб аз тамоми минтақаҳои мамлакат баргузор мегардад.

Тавре дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов иттилоъ дод, «инак даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…!» гузаронида мешавад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур тамоми тадбирҳоро андешидааст».

Мавсуф иброз дошт, ки «бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» Озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид.

Ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони мамлакат мебошад.

Иштирокчиён дар як рӯз аз рӯйи чор номинатсия ҳунарнамоӣ мекунанд, ки ҳар номинатсияи он дар толорҳои алоҳида гузаронида мешавад».

Ҳамчунин муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова иброз намуд, ки «роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони китобхона 4 гурӯҳ бо иштироки зиёда аз 60 нафар роҳбалад омода намудааст».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, то имрӯз дар ошёнаи дуюми китобхона, дар назди шуъбаи хизматрасонӣ бо муштариён толори «Фурӯғи субҳи доноӣ…» фаъолият мекард, ки дар он зиёда аз 120 ҷойи нишаст ва 300 китоб оид ба 4 номинатсия мавҷуданд. Он нафароне, ки дар ноҳияву вилоятҳо аз даврҳои ин озмун гузаштаанд, айни ҳол дар ин ҷо ба ҷамъбасти озмун омодагӣ дида истодаанд».

Аз ҷониби иштирокчиёни даври чоруми озмун ба комиссияи ҷумҳуриявӣ маводи зерин пешниҳод карда мешаванд:

— маълумотнома дар бораи довталаб;

— асарҳои мутолиашуда;

— миқдори ашъори азёдшуда;

— маҳорати суханронӣ ва суханварӣ, ровигӣ ва нақлкунӣ;

— қобилияти эҷодӣ;

— суратҷаласаи ҳайати ҳакамони вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ».

Бояд тазаккур дод, ки комиссияи озмун ва ҳайати ҳакамон аз рўи меъёрҳои зерин ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон баҳо медиҳанд:

— шарҳи мухтасари асар;

— маълумот оид ба қаҳрамонони асосии асар;

— баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар;

— озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ;

— ҳунари ровигӣ ва нақлкунӣ;

— қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он;

— дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар;

— таассуроти довталаб аз хондани осор».

Инчунин дар низомнома барои баҳодиҳӣ ба истеъдоди довталабон то 10 хол муқаррар карда шудаааст:

«Барои хондани беҳтарин осори манзум бо шарҳу тавзеҳи луғатҳояшон 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол дода шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди нақлкунӣ, инчунин тавзеҳи луғатҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол дода шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

Инчунин ба ҳар як довталаб аз рўйи осори пешниҳодшудаи банди 21  10 савол дода мешавад ва барои ҷавоби дуруст ба ҳар як савол як холӣ мегузоранд. Ба ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад».

Шоҳҷоизаи озмун 50000 сомонӣ буда, ба довталабе дода мешавад, ки аз миқдори чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 10, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд