«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Имрӯз дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявӣ ба кори худ оғоз бахшид

Декабрь 11, 2019 14:45

ДУШАНБЕ, 11.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия бо иштироки 127 нафар ғолиб аз тамоми минтақаҳои мамлакат ба кори худ оғоз намуд, ки то 14 декабр идома меёбад.

Дар ин бора хабарнигорони АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ ва Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОНОВ аз ҷараёни оғози даври ниҳоии ин озмун гузориш медиҳанд.

Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода пеш аз оғози даври ниҳоии  озмун бо иштироки ҳайати ҳакамон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва иштирокчиён ҷаласаи корӣ доир намуд.

Дар кори ҷаласа Раиси комиссияи озмун доир ба ҷадвали баргузории даври чорум ба иштирокдорон маълумоти муфассал дод.

Мавсуф иброз дошт, ки ҳадафи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» пеш аз ҳама, боло бардоштани завқи отифонаи насли наврас, ҷавонон ва умуман оммавӣ гардонидани китобхонӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки маърифатнокии ҷомеа баланд гардида,  ҳамагон аз гузаштаву имрӯзаи хеш  воқиф гарданд.

Сипас аз ҷониби Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҳайати Раёсат ва ҳайати ҳакамон муаррифӣ гардид.

Ба ҳайати  Раёсати озмуни мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, Раиси Иттифоқи нависандагони   Тоҷикистон Низом Қосим шомил мебошанд.

Дар номинатсияи 1: аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик раиси ҳакамон Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим буда, ба ҳайати аъзои ҳакамон —  Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода, сармуҳаррири нашриёти «Адиб» Муҳтарам Ҳотам, Шоири халқии Тоҷикистон  Камол Насрулло, адабиётшинос, доктори илм, пофессор Аламхон Кӯчаров шомил мебошанд. Дар ин номинатсия  36 нафар иштирок мекунанд. Ин номинатсия дар толори ошёнаи 9 китобхонаи мазкур гузаронида мешавад.

Дар номинатсияи 2: аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик раиси ҳакамон Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад буда, ҳайати аъзои ҳакамонро Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагон Равшан Махсумзод, шоира Раънои Мубориз, доктори илмҳои филологӣ Абдулҳай Маҳмадаминов, адабиётшинос Боймурод Шарифзода ташкил медиҳанд. Дар ин номинатсия 34 нафар иштирок   мекунанд.

Номинатсияи мазкур дар толори ошёнаи  2 Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.

 Дар номинатсияи 3: аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик раиси ҳакамон узви Иттифоқи нависандагон, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Равшан Раҳмонӣ буда, ҳайати аъзои ҳакамон —  нависанда Азизи Азиз, Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ, шоир Хайриддин Қурбонов, Саидраҳмон Саидов, доктори илмҳои филологӣ Мирзо Солеҳов ба ҳунари 28 нафар иштирокчӣ баҳо медиҳанд.

Ин номинатсия  дар толори ошёнаи 1 китобхонаи мазкур  гузаронида мешавад.

Дар номинатсияи 4: аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон раиси ҳакамон мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикӣ-форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинзода буда, ба ҳайати аъзои ҳакамон мудири кафедраи адабиёти ҷаҳонии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон  Марина Русакова, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳриддин Низомов, дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳонии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Румиза Рамазонова, дотсенти кафедраи адабиёти навини тоҷикӣ-форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қарор Нурқаев шомил мебошанд. Дар ин номинатсия 23  нафар иштирок менамоянд. Ин номинатсия дар  толори ошёнаи 3 Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.

Ҳамчунин вақти баргузории озмун ҳамарӯза аз соати 09:00 оғоз гардида, то соати 18:00 идома меёбад. Инчунин вақт барои хӯроки нисфирӯзӣ ва вақти озод муқаррар гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки иштирокчиёни дурдасттарин минтақаҳои мамлакат дар Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе ҷойгир карда мешаванд. Ҳамчунин барои иштирокчиён сайри боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон  гузаронида мешавад.

Тавре дар суҳбат бо мо сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зубайда Раҷабова иброз дошт, «дар даври аввали озмун дар вилоят 600 нафар иштирок намуданд, ки 83 нафари онҳо ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Баъди гузаронидани даври сеюм 10 нафар ба даври чорум роҳхат гирифтанд.

Инак рӯзи дуюм аст, ки мо дар пойтахт- шаҳри Душанбе қарор дорем ва иштирокчиёни мо аз рӯйи чор номинатсия бо  омодагии ҷиддӣ ҳунарнамоӣ мекунанд».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, иштирокчиён аз вилояти Бадахшон зиёда аз  600 китоб мутолиа намудаанд.

Президенти мамлакат 1 сентябри соли 2019 дар Рӯзи дониш зимни суханронӣ  дар Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «сатҳи китобхонӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳбудӣ мехоҳад. Моро зарур аст, ки наврасону ҷавононро пайваста ба китобхонию китобхонаҳо ҷалб намоем».

Раиси ҳакамони номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон», мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикӣ-форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинзода иброз дошт, ки  «ин иқдоми Пешвои  миллатро ҷомеа хуб қабул намуд. Имрӯз хуб мушоҳида мешавад, ки китобхонӣ миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ба як ҳаракати сартосарӣ табдил ёфта истодааст».

Бояд тазаккур дод, ки комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва ҳайати ҳакамон аз рўи меъёрҳои зерин ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон баҳо медиҳанд:

— шарҳи мухтасари асар;

— маълумот оид ба қаҳрамонони асосии асар;

— баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар;

— озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ;

— ҳунари ровигӣ ва нақлкунӣ;

— қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он;

— дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар;

— таассуроти довталаб аз хондани осор».

Инчунин дар Низомномаи озмун барои баҳодиҳӣ ба истеъдоди довталабон то 10 хол муқаррар карда шудаааст:

«Барои хондани беҳтарин осори манзум бо шарҳу тавзеҳи луғатҳояшон 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол дода шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди нақлкунӣ, инчунин тавзеҳи луғатҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол дода шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

Инчунин ба ҳар як довталаб аз рўйи осори пешниҳодшудаи банди 21  10 савол дода мешавад ва барои ҷавоби дуруст ба ҳар як савол як холӣ мегузоранд. Ба ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад».

Шоҳҷоизаи озмун 50000 сомонӣ буда, ба довталабе дода мешавад, ки аз миқдори чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.

Ҳамчунин тавре дар Низомномаи озмун омадааст:

— Хулосаи ҳайати ҳакамон ба комиссияи озмун бо имзои раиси вилоят, шаҳр, ноҳия ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.

— Даври чоруми  озмун  барои ғолибон то 20 декабри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҷамъбаст мешавад.

— Хулосаи ҳайати ҳакамон дар комиссияи ҷумҳуриявии озмун баррасӣ ва тасдиқ мешавад.

— Комисияи озмун натиҷаи ниҳоиро ҷамъбаст карда, онро барои мувофиқа ва тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

— Ба ғолибони даври чорум тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад

Тартиби пешниҳод ба ҷоиза ва мукофоти пулиро барои даври чоруми комиссия озмун омода намуда, бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамояд ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мекунад.

— Дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо тартиби мукофот ва ҷоизаро раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

— Барои ҳавасманд гардонидани ғолибони ҳамаи даврҳои озмун тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

Ба гуфти аъзои ҳакамон, талаботи даври чорум нисбат ба се даври  гузашта ҷиддитар сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки ҷамъбасти озмун охирҳои моҳи декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо  шукӯҳу шаҳомати хосса гузаронида мешавад.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 11, 2019 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар муассисаҳои таълимии Файзобод ва Нуробод машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Донишу маърифат ба аҳли башар бузургӣ ва хушбахтӣ меоранд
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»