ИНТИХОБОТ-2020: Барои баргузории интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 69 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барои баргузории интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар моҳи марти соли 2020 69 ҳавзаи интихоботӣ ташкил мегарданд. Дар ин бора дар ҷараёни иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқ, даъвати панҷуми вилояти Хатлон, ки 11 декабр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Зимни иҷлосия нақшаи кори вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2020 муҳокима ва тасдиқ гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки Комиссияи вилоятии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони халқи вилояти Хатлон аз 11 нафар иборат мебошад, ки ба он сардори Раёсати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода роҳбарӣ мекунад.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин қарор «Дар бораи ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони халқи вилояти Хатлон» қабул карда шуд.
Зикр шуд, ки мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилони даъвати нав ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, вилоятҳо ва интихоботи вакилон ба ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳо 1 марти соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.