Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: «Бигузор дар соли 2020, ки рамзи ду 20 бо худ дорад, тамоми ниятҳои нек, амалҳо ва орзуҳои наҷиб ду баробар бештар ҷомаи амал пӯшанд!»

Декабрь 31, 2019 08:22

ДУШАНБЕ, 31.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳоло мо дар арафаи Соли нави 2020 қарор дорем. Дар ин рақамҳои мунаққаш, ки ду бист дар паҳлуи ҳам зебову нозанин омадаанд ва шояд сол соли воқеан барои Тоҷикистони азизи мо аз ҳама ҷиҳат зебо бошад, зеро мо дар арафаи ҷашни бузурги 30-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва ба муносибати ин санаи хуҷаста чӣ қадар иқдомҳои наҷиб ва нақшаҳои бузург амалӣ шуда истодаанд. Мо шоҳидем, ҷаҳон шоҳид аст, ки дар як муддати кӯтоҳ вобаста ба ин иқдомҳо Тоҷикистон дар саросари мамлакат, дар тамоми навоҳӣ ва дурдасттарин гӯшаҳояш эҳёи тоза меёбад, ободу зебо мегардад, симои худро муҷаллову диданӣ менамояд.

Мувофиқи солшумории шарқӣ соли 2020  соли муши сафед аст ва рамзаш сафедист. Дар ин сол андешаҳои сафеду ниятҳои тоза бартарӣ хоҳанд дошт. Дар асоси ин солшуморӣ дар соли 2020 бояд ғами табиат ва муҳити зистро  бихӯрем, аз паси ниятҳои нек равем ва онҳоро бо  андешаҳои худу  амалҳои беғараз пур кунем.

Муши сафед ба ҳар нафар сазовори нияту амалҳояш подош хоҳад дод. Дур нарафта, аз рӯзҳои аввалини сол мо дар рӯзгор ва муҳити худ   тағйироти нишонрас мушоҳида хоҳем кард. Дар соли муши сафед роҳ надодан ба танбалӣ ва сустиродагӣ, баварибахш ва мақсаднок амал намудан бисёр муҳим аст. Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки муши сафед ҷонвари бағайрат ва новобаста мебошад. Агар шумо кору боратонро бе ҷадал ва  бапарво ба роҳ монед ва фақат ба умеди барори кор шавед, ӯ чунин рафтори шуморо таҳаммул нахоҳад кард.

Қадру қимат ва мақому манзалати ҳар соли умри гузарони моро дастовардҳо ва натиҷаҳои ҳосилшуда аз кору пайкор ва заҳматҳои ҳамонсолаамон муайян менамоянд.  Соли 2019 низ бо дурахши хосаи худ дар ёдҳо хоҳад монд. Соле, ки халқи некҳадаф ва заҳматпарвари моро як зина ба сӯи қуллаҳои баланди пирӯзиҳои тозааш боло бурд ва дар бурузи шаҳомату иқболи некаш ҷилвагар сохт. Соле, ки миллати некманиши  башардӯсти мо ба пирӯзиҳои муайян дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ: ободонию бунёдкорӣ, таъсиси корхонаҳои нав, сарсабзию шукуфоӣ, тинҷию осоиштагӣ, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва болоравии сатҳи фарҳангу илму маърифат ноил гардид.

Дар Паёми навини Пешвои миллатамон, ки чанде пеш ироа шуд, дастоварду пирӯзиҳои халқамон чун дар оинаи муҷалло инъикоси дурахшон ёфтаву нуқта  ба нуқта ва самт ба самт дақиқан мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Ин Паёми  Пешвои миллатамон низ чун паёмҳои пешинашон бо оҳангҳои баланди ватандӯстию раҳнамоиҳои таъсирбахшу дилгармкунанда боз моро ангезишҳои тозаи ватандӯстӣ бахшида, ҳидоят ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави пирӯзиҳои истиқлолияти Ватанамон менамояд.

Албатта, аз комёбиҳои мамлакат дар татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2016 — 2020” метавон садҳо далел овард. Худи ҳамин далел, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти мамлакат ҳамасола ба ҳисоби миёна 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард ба 78  миллиард афзоиш ёфт ва ҳаҷми умумии даромади буҷет  қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд,  кофист, ки дастовардҳои миллии давлатамон пеши чашм ҷилвагар шаванд.

Теъдоди дастовардҳои соли сипаришаванда чунон зиёданд, ки номбар кардани ҳар яки онҳо фурсати зиёде талаб мекунад, аммо яке аз дурахшонтарини онҳо ба кор андохта шудани чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро наметавон ном набурд, зеро он рамзи дурахшон ва воқеии пирӯзиҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мост. Аз сохтмон ва таҷдиди роҳҳо то ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, то фарогирии  ҷиддитарин масъалаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, муносибатҳои неки  байналмиллалӣ соҳае нест, ки дар он пирӯзии чашмгире ба даст оварда нашуда бошад.

Дар тӯли ин ҳама солҳои Истиқлолияти давлатии мамлакат мо шоҳиди даҳҳо ташаббусҳои ватандӯстона ва фарогири Пешвои миллатамон будем, ки ҳадафҳои баланди миллиро пайгирӣ намуда, дар ҷодаи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавии халқу давлатамон саҳми боризу тақдирсоз бозиданд. Бисёре аз ин иқдомҳо, ки дар пешрафту ободонӣ, эҳёи дубораи мамлакати  азизамон нақши тақдирсоз гузоштанд, ҳатто намунаи ибрат ва мактаби омӯзиш барои кишварҳои дигар низ гардидаанд, аз қабили дарси мактаби сулҳи тоҷикон, ки тарроҳи он Пешвои миллатамон буданд.

Хушбахтона, имрӯз боз ҳам заковату дурбинии хирадмандонаи Президенти мо буд, ки ду ташаббуси дигар, ду иқдоми хеле зарурӣ, ду чорабиние, ки ҳадафҳои бузурги худшиносии миллиро пайгирӣ карданд, хеле зуд натиҷаҳои самарабахш доданд. Инҳо озмунҳои “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ” мебошанд, ки як такони бедоркунанда ва гарму нерубахше ба ҷомеа, хусусан ба ҷавонон  доданд. Банда амалӣ шудани ин ду иқдомро низ аз дастовардҳои наҷиби соли сипаришуда меҳисобам. Дар он замоне, ки на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар саросари олам мардум аз китоб ва китобхонӣ дур мондаанд, боз ҳам заковати Пешвои миллати мо ин озмунҳо, хусусан озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”- ро роҳандозӣ карданд. Ва аввалин натиҷаҳо хеле дилгармкунада ва умедбахшанд. Ин Озмун мардуми моро ба асолати миллии худ, яъне илму донишу фарҳанг, ки сарчашмаашон китоб аст, бозгардонд. Мо дидем, ки китоб боз дасти ба даст шуд; мо дидем, ки дари китобхонаҳо аз нав боз гаштанду сафи ҳаводоронашон афзуданд; мо дидем, ки китобхонии ҳадафнок ба шуғли дӯстдоштаи наврасону ҷавонони мо табдил ёфт. Ҷавонон, наврасон ва ҳатто калонсолони мо ҳама рӯ ба китоб оварданд. Як ишорат, як даъвати Пешво кифоят буд, ки муҳаббат ба китоб дар сиришти ин миллати тамаддунпарвару фарҳангсолор аз нав бедор шавад, яъне ин муҳаббат ҳамеша дар хуну сиришти халқи мо маҳфуз будааст ва даъвои соҳибтамаддуну фарҳангсолор будани халқи мо беҳуда нест.

Хеле хурсандибахш аст, ки дар Паёми нави Сарвари давлатамон эълон гардид, ки ин ду озмуни маърифатофар минбаъд ҳамасола роҳандозӣ ва дастгирӣ хоҳанд шуд.  Ва нуқтаи баландтарин ва ҷамъбастии ин иқдомҳои маърифатпарваронаи Пешвои миллатамон он лаҳзае буд, ки дар Паём ироа доштанд, ки аз номи худ ба тамоми хонаводаҳои мамлакат китоби “Тоҷикон”-и  Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафурофро тақдим медоранд. Ва ин иқдом рамзе буд барҷаста, ки баландтарин маънову ҳадафҳоро пайгирӣ мекунад. Ба ростӣ бояд ифтихор кард, ки мо чунин Пешвои хирадпеша дорем.

Ман аминам, ки пас аз ин бо саъю кӯшиши падару модарон ва муаллимону омӯзгорони муҳтарам ин суханони Пешвои миллат шиори ҳамарӯзаи мардум тоҷик хоҳад шуд: “Ҳар фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд”.

Бидуни шубҳа, ҳар Паёми Президенти муҳтарами мо нақши бузурге дар бедории миллӣ ва бунёду эҳёи Тоҷикистон соҳибистиқлоли мо бозидааст, аммо Паёми имсола хусусан дар мавриди фарҳангу китоб бояд нуқта ба нуқта сармашқи амали ҳаррӯза, балки ҳарсоатаи мо гардад, зеро асолати миллии халқамон, рисолати таърихии он вобастагӣ ба илму дониш ва китоб – ин дастоварди беҳини инсоният дорад.

Дар ин замони ҳассоси рӯзгори мардуми дунё, ки дар аксари кишварҳо мардум аз мутолиаи китоб дур шудаанд, маҳз аз ҷониби Президенти  давлати мо тарҳрезӣ гардидани ин иқдомҳо хеле рамзӣ ва нишотбахш аст, зеро мо миллате ҳастем, ки беҳтарин дастовезаш дар ҷодаҳои таърих китоб будааст ва шояд кам миллате дар таърихи инсоният чунин теъдоди зиёди бузургони китобнавис доштаву соҳибкитоб будааст.

Нуқтаҳои фарогир, таконбахш ва ҳидоятгари Паёми навини Пешвои тоҷикон хеле зиёданд  ва ин хушбахтии мост, ки мо бо ин Паём, яъне  бо як ҳуҷҷати раҳнамою ҳидояткунанда ба соли нави мелодӣ ворид мешавем. Хуҷастагии ин Паём дар он аст, ки он на танҳо моро ҳидоят мекунад, балки баландтарин ангезишҳои худшиносӣ, ватандӯстона ва нерую бовару эътимодро низ ба ҳар яки  мо мебахшад.

Дар пеш санаи бузург ва ифтихорбахши 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз истодаву моро ҳар соату ҳар лаҳза ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави музаффариятҳо мехонад. Мо аминем, ки бо заҳматҳои ватандӯстона ва ҷоннисоронаи халқи некманиш ва хирадпешаи тоҷик таҳти сарварии чунин Пешвои қавиирода ва меҳанпараст  Тоҷикистони азизи мо дар кӯтоҳтарин муддат ба куллӣ симои худро дигар мекунад ва дар сафи кишварҳои мутараққӣ бо муҳити созгору ободу зебо қарор мегирад.

Фарорасии Соли нави саодатбори 2020-ро ба ҳамагон муборакбод мегӯям. Орзумандам, дар соле, ки рамзи ду 20 – ро бо худ мебарад, тамоми амалҳо, ниятҳои нек ва орзуҳои наҷиби халқамон  ду баробар бештар ба ҳадаф расанд!

 Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
 барандаи  Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2019 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин