Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ
ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ омадааст:
«Аълоҳазрат,
Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати биступанҷумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар самимона табрику муборакбод менамоям.
Пас аз ин рӯйдоди барои ҳарду ҷониб мубораки таърихӣ кишварҳои мо робитаҳои байнидавлатии худро дар заминаи сифатан нав ба роҳ монда, ба эҳёи пайвандҳои чандинасра ва анъанаҳои муносибатҳои ҳасанаи байни ду мардуми бо ҳам бародар ҳусни оғоз бахшиданд.
Роҳандозии муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф, минҷумла дар сатҳи олӣ, ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин ҳамёрии созанда дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ самараҳои ин марҳилаи дурахшони робитаҳои байнидавлатии мо мебошанд.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш мехостам аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкории судманди байни давлатҳоямонро ба манзури таъмини зиндагии осоиштаи мардумонамон муҷаддадан таъкид намоям.
Итминон дорам, ки боздиди Шумо аз Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб ба ин раванд такони тоза хоҳад бахшид.
Бо ин умеди нек ба ояндаи дурахшони муносиботи гуногунҷанбаи байни кишварҳоямон аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, Аълоҳазрат, сиҳатии комилу муваффақиятҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Давлати Қатар рӯзгори ободу осоишта ва шукуфоии бардавом таманно дорам».
Дар барқияи табрикии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Бародари азиз, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Боиси хурсандии ман аст, ки ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар, ки ба 13 декабри соли равон рост меояд, Шуморо, Ҷаноби Олӣ, аз номи мардуми Давлати Қатар ва шахсан аз номи худ самимона табрику таҳният гӯям.
Мо дар робита ба муносибатҳои ду давлат, ки ба шарофати талошҳои муштараки мо шоҳиди рушди бемайлон мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, азми худро ҷиҳати идомаи кору ҳамкорӣ бо Шумо ба хотири дастгирӣ ва таҳкими он дар арсаҳои мухталиф, ки ба нафъу суди мардумони бо ҳам бародари мо хоҳад буд, таъкид менамоем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саодату саломатии бардавом ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии беш аз пешро орзу менамоям».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






