Насим Олимзода: «Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд, ки мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем»

Декабрь 27, 2019 11:50

ДУШАНБЕ, 27.12.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабр ҷиҳати шарҳи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати мазкур хабар медиҳад, дар ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовинони вазир, роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Насим Олимзода Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳуҷҷати муҳим барои тамоми сокинон арзёбӣ намуда, гуфт, ки он бояд барои ҳамаи шаҳрвандон  ҳамчун дастурамали корӣ  бошад.

«Зеро дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷиро таҳлилу баррасӣ ва вазифаҳоро барои оянда муайян намуданд», — афзуд мавсуф.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ иброз доштанд, ки барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ,- таъкид намуданд Сарвари давлат, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки дар баробари дигар кормандони вазорату идора ва корхонаву муассисаҳои мамлакат масъулини соҳаи тандурустӣ низ Паёми Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои гузошташуда тамоми кӯшишу талоши заруриро ба харҷ медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат ба соҳаи тандурустӣ  диққати махсус зоҳир намуда, аз ҷумла гуфтанд: «Мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем».

Бо ин роҳ,- гуфта шуд дар Паём, инфрасохтори ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти мамлакат ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.

Дар Паём махсус зикр гардид, ки буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Дар соли 2020 маблағгузории давлатии соҳа қариб 2 миллиард сомонӣ ё худ бо афзоиши қариб 6 фоиз назар ба соли 2019 пешбинӣ шудааст.

«Ҳарчанд ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад», — изҳори нигаронӣ намуданд Президенти мамлакат.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор намуданд, ки фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо имрӯз табибони беҳтарин дорем ва бояд ба онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам оварем.

Иштирокдорон оид ба паҳлӯҳои мухталифи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ андешаҳои худро баён дошта, ташаббусҳои манзургардида ва дастурҳои бамиёнгузоштаи  Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуданд.

Декабрь 27, 2019 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»