ОЁ ШАБИ СОЛИ НАВ ДАР ДУШАНБЕ БАРФ МЕБОРАД? Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон маълумоти муфассал доданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 31 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Саидҷамолова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, 30 декабр дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, каму беш борон меборад. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.
30-31 декабр дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар қаторкӯҳҳо боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 12 +17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8 + 13 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин рӯзҳо ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, 30 декабр дар водиҳо борон борида, туман мефарояд. 31 декабр ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 9+ 14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин рӯзҳо тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Тибқи пешбиниҳои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, моҳи январ дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво ба меъёри муқаррарӣ наздик шуда, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боришоти зиёд пешбинӣ шудааст.
Моҳи феврал низ ҳаво сербориш шуда, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, қаторкӯҳҳои вилояти Хатлон ва ғарби вилояти Бадахшон борону барф дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки 26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тағйирёбии иқлим изҳори нигаронӣ намуда, зикр намуданд, ки дар чил соли охир аз таъсири гармшавии иқлим беш аз ҳазор пирях об шуда, пурра аз байн рафтаанд.
Ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи онҳо тадбирҳо андешида шаванд.
Дар ҳудуди Тоҷикистон 13 ҳазор пиряхҳои хурду бузург, аз ҷумла дарозтарин ва бузургтарин пиряхи дар хушкӣ ҷойгиршудаи дунё ба номи Федченко, ки дарозии он 76 километрро ташкил медиҳад, мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






