Сергей Шойгу: Россия нақша дорад, ки баъди ду сол С-300-ро ба Тоҷикистон интиқол диҳад
ДУШАНБЕ, 25.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Россия пас аз ду сол, баъди тайёр намудани мутахассисон метавонад системаи мушакии зиддиҳавоии С-300-ро ба мақомоти мудофиавии Тоҷикистон супорад. Дар ин бора вазири мудофиа, генерали артиш Сергей Шойгу дирӯз, 24 декабр дар ҷаласаи мушовараи ҷамъбастии идораи ҳарбӣ бо иштироки Президенти Россия Владимир Путин изҳор дошт, хабар медиҳад ТАСС.
Тибқи гуфтаҳои вазир, инфрасохтори низомӣ ва иҷтимоии пойгоҳҳои низомии Россия дар хориҷи кишвар муваффақона рушд карда истодаанд. Имсол дар машқгоҳи ҳарбии пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон дивизиони мушакии зиддиҳавоии С-300ПС бо ҳайати идоракунандаи Россия ба навбатдории ҳарбии таҷрибавӣ оғоз намуд.
«Низоми мазкур метавонад пас аз ду сол, баъди омӯхтани мутахассисон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон интиқол дода шавад», — гуфт вазир. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки соли 2019 Чин, Ҳиндустон, Миср, Алҷазоир ва Ветнам дар соҳаи ҳамкории низомӣ шарикони асосии Россия буданд. Муддати як сол таҳкими робитаҳо бо СПАД, ИДМ ва кишварҳои СҲШ идома ёфт.
С-300 системаи мушакҳои зиддиҳавоиест, ки метавонад ҳавопаймои муосир ва ояндадор, ҳамчунин онҳоеро, ки бо истифодаи технологияи «стелс», мушакҳои миёнапарвози баллистикӣ, мушакҳои зудамал ва мушакҳои тактикӣ, мушакҳои болдор амал мекунанд, инчунин ҳавопаймоҳои радиолокатсионӣ ва нишонгирӣ, системаҳои иктишофӣ ва зарбазаниро нобуд созад.








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






